'Ню-Йурк маҳалли баргузории гуфтугӯҳои коршиносии Эрону қудратҳо'

  • 21 Апрел, 2014
Image copyrightAP
Image caption Гуфтугӯҳои Ню-Йурк дар сатҳи коршиносон хоҳад буд

Аббоси Ароқчӣ, муъовини вазорати хориҷаи Эрон, гуфтааст, ки даври баъдии гуфтугӯҳои марбут ба барномаи ҳастаии ин кишвар моҳи оянда дар сатҳи коршиносон дар Ню-Йурк баргузор хоҳад шуд.

Оқои Ароқчӣ, ки музокиракунандаи аршади Эрон аст, рӯзи якшанбе ба хабаргузории Ҷумҳурии Исломӣ, ИРНО, гуфт: "Ин музокирот дар ҳошияи иҷлоси кумитаи муқаддамотии бознигарии Эн-пи-тӣ бо ҳузури коршиносони ҳастаӣ ва фаннии кишварамон ва аъзои Панҷ ба иловаи як анҷом мешавад."

Эрон ва аъзои ин гурӯҳ шомили Омрико, Русия, Чин, Бритониё, Фаронса ва Олмон пойизи гузашта ба тавофуқе муқаддамотӣ барои рафъи нигаронӣ дар бораи аҳдофи барномаи атумии Эрон даст ёфта буданд.

Он тавофуқ, ки бистуми январ ба иҷро гузошта шуд, панҷарае шашмоҳа дар ихтиёри тарафайн қарор дод, то ба тавофуқе ниҳоӣ барои ихтилофот даст ёбанд.

Бар асоси тавофуқи муқаддамотӣ қарор шуд Эрон барномаи атумиашро дар ҳолати мавҷуд нигоҳ дорад ва баъзе бахшҳои ҳассостари онро, ки ба сӯйизанни Ғарб метавонад ҷанбаи низомӣ дошта бошад, муъаллақ кунад ё ҳатто ақиб биронад ва дар муқобил бахше аз фишорҳои молӣ бар Эрон ба хотири таҳримҳо тахфиф меёбад.

Оқои Ароқчӣ ҳамчунин гуфт, ки чаҳорумин даври музокирот бо қудратҳо ҳам аз 23 урдубуҳишт дар Виен бо ҳузури Ҷавод Зариф, вазири хориҷаи Эрон, баргузор хоҳад шуд.

Ду тараф мегӯянд, ки расидан ба тавофуқи ниҳоӣ барои ҳалли ҳамаи ихтилофот душвор хоҳад буд, масъалае, ки оқои Ароқчӣ ҳам бар он таъкид кард.

Ӯ гуфт: "Дар ин музокирот (даври чаҳорум дар Виен) тадвин ва нигориши матни тавофуқи ҷомеъи ҳастаӣ оғоз мешавад, ки кори печида ва душворе аст."

Гузориш мешавад дар чанд моҳе, ки аз шурӯъи тавофуқи муқаддамотӣ гузашта, ду тараф ба таъаҳҳудоти худ пойбанд будаанд.

Эрон дар рӯзҳои ахир гуфта, ки дар ҳоли такмили фароянди рақиқсозии урониюми 20-дарсадӣ аст, ки аз шурути тавофуқи Женев буд. Дар муқобил бахше аз дороиҳои Эрон озод шудааст.

Вазорати хориҷаи Омрико ҳафтаи пеш эълом кард, ки бахши дигаре аз дороиҳои Эрон ба маблағи 440 милюн дулорро озод карда, чаро ки ин кишвар ба таъаҳҳудоти худ дар қолаби тавофуқномаи Женев амал кардааст.

Тозатарин даври музокироти Эрон ва Гурӯҳи 5+1 ду ҳафта пеш дар Виен ба поён расида буд.

Давлати Эрон ба расидани тавофуқи ниҳоӣ бо Панҷ ба иловаи як то тобистони имсол ибрози хушбинӣ кардааст. Тавофуқи муқаддамотии Женев қобили тамдид аст.

Матолиби муртабит