Зариф: Мо фосилаи амиқе бо тарафҳои музокира доштем

  • 20 Март, 2014
Image copyrightIsna
Image caption Оқои Зариф гуфта, ки тарафҳои музокира тасаввури ботиле доштанд мабнӣ, бар ин ки барномаи ҳастаии Эрон маънӣ пайдо намекунад

Муҳаммадҷаводи Зариф вазири умури хориҷаи Эрон баъд аз бозгашт ба Теҳрон дар бораи тозатарин даври музокироти ҳастаӣ дар Виен гуфтааст, ки "мо як фосилаи амиқи идрокӣ бо тарафҳои музокира доштем, ки имрӯз дигар ин фосила аз байн рафтааст."

Хабаргузории давлатии Эрон ба нақл аз оқои Зариф навишта "мо як фосилаи амиқи идрокӣ бо гурӯҳи 5+1 доштем, ки онҳо дарк намекарданд аҳдофи мо аз барномаҳоямон дар заминаи фаъолиятҳои ҳастаӣ чист, барои ҳамин дар зеҳни худ тасавури ботиле доштанд мабнӣ бар ин ки барномаҳои ҳастаии Эрон маънӣ пайдо намекунад."

Музокироти дурӯзаи Эрон ва намояндагони кишварҳои узви гурӯҳи 5+1 (Омрико, Бритониё, Чин, Русия, Фаронса ва Олмон) рӯзҳои сешанбе ва чаҳоршанбе, 27 ва 28 исфанд (18 ва 19 март) дар мақари Созмони милал дар Виен баргузор шуд.

Расонаҳои хабарӣ ин ҷаласотро "даври дувуми музокироти ҷомеъ" муъаррифӣ кардаанд, ки ҳадаф аз он дастёбӣ ба тавофуқи ниҳоӣ барои ҳаллу фасли парвандаи ҳастаии Эрон ва лағви таҳримҳои хориҷӣ алайҳи ин барномаҳо аст.

Дар поёни ин давр аз музокирот Котрин Аштун, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Урупо ва Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон дар як конфаронси муштараки хабарӣ музокиротро пурмуҳтаво ва муфид хонданд.

Оқои Зариф музокироти ахирро "муваффақ" арзёбӣ карда, аммо дар айни ҳол гуфтааст, ки мо "ҳанӯз ба марҳалаи тадвини тавофуқ нарасидаем, ки битавон пешбинӣ кард мизони ихтилофи чӣ қадар аст?"

Ба гуфтаи вазири хориҷаи Эрон "мо фаҳмидем, ки тарафи муқобил дар чӣ ҳавзаҳо фикр мекунад, ки албата ин ҳавзаҳои фикрӣ хеле ҳам нигаронкунанда набуд, онҳо ҳам фаҳмиданд, ки назар ва дидгоҳи мо дар ин ҳавзаҳо чӣ гуна аст."

Мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ барномаи ҳастаии Эронро сулҳомез медонанд ва оқои Зариф мегӯяд, ки дар ин марҳала аз музокирот ин мавзуъ низ мушаххас шуда, ки "баҳси барчида шудани ҳеҷ як аз барномаҳои ҳастаии Эрон дар миён нест."

Дар баёнияи муштараке, ки ду тараф дар поёни музокироти ахир содир карданд, омада аст, ки ин музокироти дурӯза бар мавзуъи ғанисозии урониюм, реоктури оби сангини Арок, ҳамкориҳои сулҳомези ҳастаӣ ва таҳримҳо тамаркуз доштааст.

Даври сеюми музокирот дар сатҳи муъовинони вазирони умури хориҷа ва таҳти назорати оқои Зариф ва хонуми Аштун қарор аст аз 7 то 9 апрел (18 то 20 фарвардин) дар Виен баргузор шавад.

Дар ин фосила музокирот дар сатҳи каршиносӣ идома хоҳад дошт.

Матолиби муртабит