Даври тозаи музокироти атумӣ бо Эрон дар Виен оғоз шуд
Image copyrightEUHighRepSpoxМузокироти ҷомеъи Эрон бо қудратҳои ҷаҳонӣ барои ёфтани роҳи ҳалли ниҳоӣ барои ихтилофот бар сари барномаи атумӣ дар мақарри Созмони Милали Муттаҳид дар Виен, пойтахти Утриш, оғоз шуд.
Хонуми Аштун ва оқои Зариф даври авали музокиротро ифтитоҳ карданд.
Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон дишаб бо Котрин Аштун, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Урупо дидор кард. Ӯ имрӯз ҳам пеш аз оғози музокирот бо вазири умури хориҷаи Утриш мулоқот кард.
Вендӣ Шерман, муъовини вазири умури хориҷаи Омрико, сарпарастии ҳайъати омрикоӣ дар музокироти Виенро бар уҳда дорад. Сафир Андерсун ва дуктур Тимбей ӯро ҳамроҳӣ мекунанд.
Тими музокиракунандагони Эрон, ки дирӯз ба Виен рафтааст, таҳти назари Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи ин кишвар фаъъолият мекунад ва шомили Аббоси Ироқчӣ ва Маҷиди Тахтравончӣ (муъовинони вазир), Ҳамид Баъидинажод (мудири кулли сиёсии вазорати умри хориҷа) ва ду тан аз мудирони Созмони энержии атумии Эрон аст.
Тарафи музокираи Эрон намояндагони панҷ узви доими Шӯрои Амнияти СММ (Омрико, Бритониё, Фаронса, Руси ва Чин) ба изофаи Олмон ҳастанд, ки зери назари Котрин Аштун, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Урупо амал кунанд.
