Раҳбари Эрон: Музокироти ҳастаӣ ба ҷое намерасад

Оятуллоҳ Алии Хоминаӣ, раҳбари Эрон, як рӯз қабл аз оғози давраи музокироти ҳастаӣ бо қудратҳои ҷаҳонӣ гуфт: "Дар суханронии аввали сол ҳам гуфтам, ки ман ба музокира хушбин нестам ва ба ҷое намерасад, вале мухолифате надорам."
Оқои Хоминаӣ рӯзи душанбеи 18 феврал дар дидор бо ҷамъе аз маруми Озарбойҷон таъкид кард: "Баъзе аз масъулини он давлат ва ин давлат фикр мекунанд, ки агар дар мавзӯъи ҳастаӣ музокира кунанд, масъала ҳал мешавад."
Раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон дар суханронии худ дар Машҳад дар ибтидои соли 1392 гуфта буд, ки ба натиҷаи музокира бо Омрико бар сари барномаи ҳастаӣ хушбин нест, аммо бо анҷоми он мухолифат намекунад.
Вай дар озармоҳи гузашта ва як рӯз қабл аз даври қаблии музокироти Женев байни Эрон ва Гурӯҳи 5+1 низ изҳор дошт, ки ба музокироти ҷории ҳастаӣ бо қудратҳои ҷаҳонӣ хушбин нест, аммо муътақид аст "ин таҷруба эроде надорад."
Раҳбари Эрон дар суҳбатҳои ҷадид худ эълом кардааст: "Коре, ки вазорати хориҷа ва масъулони давлатии мо шурӯъ карданд, идома пайдо хоҳад кард ва Эрон нақзи қарор намекунад, аммо акнун ҳам мегӯям, ки фоидае надорад ва ба ҷое нахоҳад расид."
Ӯ дар айни ҳол афзудааст: "Масъулини кишвар дилсӯз ҳастанд ва дилашон мехоҳад кор кунанд, барои онҳо дуъо ва ба онҳо кумак мекунем."
Оқои Хоминаӣ дар бахше дигар аз суханони имрӯз, бо интиқод аз касоне ки мехоҳанд "чеҳраи Омрикоро базак кунанд ва онро ба унвони як давлати алоқаманд ва инсондӯст муъаррифӣ кунанд", гуфт, ки чунин талоше "бефоида аст."
Раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ бо ишора ба интиқодоти Иёлоти Муттаҳида аз Ҷумҳурии Исломии Эрон бар сари барномаи мушакии ин кишвар ва низ вазъияти ҳуқуқи башар афзуд: "Масъалаи ҳастаӣ баҳонаи Омрико барои душманӣ аст."
Вай бо интиқод аз изҳори назарҳои давлати Омрико дар хусуси мавзӯъоти ҳуқуқибашарӣ гуфт: "Раиси ҷумҳури Омрико бо камоли вақоҳат аз фитнагарон дар соли 88 ҳимоят кард ва ахиран ҳам дорад ҳимоят мекунад."
Вазорати хориҷаи Омрико рӯзи ҷумъаи гузашта ҳамзамон бо севумин солгарди ҳабсу ҳасри Мирҳусейни Мусавӣ, Заҳро Раҳнавард ва Меҳдии Карубӣ дар баёнияе хостори озодии онон ва соири зиндониёни ақидатӣ дар Эрон шуда буд. Оқои Хоминаӣ ва наздикони ӯ муътаризон ба натоиҷи интихоботи раёсати ҷумҳурии 1388-ро "фитнагар" меномад.
Суханронии ҷадиди раҳбари Эрон дар шароите сурат гирифта, ки музокиракунандагони Эрон ва Гурӯҳи 5+1қарор аст фардо дар Виен гуфтугӯҳои ҷомеъро барои даст ёфтан ба як тавофуқи ниҳоӣ оғоз кунанд.
