Ибрози хушбинии вазири хориҷаи Эрон ба ҳусули тавофуқи ниҳоии атумӣ то авоили тобистон

  • 19 Март, 2014
Image copyrightGetty
Image caption Даври дувуми музокироти ҷомеъи атумӣ як рӯз пеш аз соли нави эронӣ ва ҷашни Наврӯз поён мегирад

Дар ҳоле ки мақомҳои эронии ҳозир дар музокироти ҷомеъи атумӣ бо Гурӯҳи 5+1 дар Виен, гуфтаанд, ки даври севуми ин музокирот рӯзҳои 18 то 21 фарвардинмоҳи соли ояндаи хуршедӣ баргузор хоҳад шуд, ҷавви музокирот мусбату умедворкунана тавсиф шудааст.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон, аз пешрафти музокирот ибрози ризоият карда ва гуфта, ки расидан ба тавофуқи ниҳоӣ ва ҷомеъ пеш аз мавъиди таъйиншуда имконпазир аст.

Пеш аз оғози гуфтугӯҳо бо таваҷҷуҳ ба буҳрони Укройн ва таҳаввулоти марбут ба нимҷазираи Криме ва ихтилофоти қудратҳои урупоӣ ва Омрико бо Русия, ки ҳама аз аъзои Гурӯҳи 5+1 ҳастанд, ин эҳтимол вуҷуд дошт, ки музокироти атумӣ таҳти таъсир қарор бигирад, аммо ҳама тарафҳо аз тамаркузи гуфтугӯҳо бар сари Эрон хабар доданд.

Бар асоси тавофуқи муваққати Эрон ва Гурӯҳи 5+1, ки пойизи имсол дар Женев ба даст омад, қарор аст ду тараф зарфи муддати шаш моҳ аз иҷрои ин тавофуқ ба роҳи ҳалли ниҳоӣ ва ҷомеъ бар сари парвандаи атумии Эрон даст пайдо кунанд.

Ин мавъиди шашмоҳа, ки қобили тамдид тавсиф шуда, мутобиқи тавофуқи Женев, авоили тобистони соли 1393 ба поён мерасад.

Дар ҳоли ҳозир мақомҳои Эрон ва Гурӯҳи 5+1 дар рӯзи дувуми музокирот дар Виен саргарми гуфтугӯ бо меҳварияти таъсисоти оби сангини Арок ҳастанд, аммо бо таваҷҷуҳ бо дар пеш будани соли нави эронӣ ва ҷашни Наврӯз қарор аст ин давр аз гуфтугӯҳо имрӯз ба поён бирасад.

Матолиби муртабит