Даври ҷадиди музокироти ҳастаии Эрон ва 5+1 дар Виен оғоз шуд

  • 18 Март, 2014
Image copyright
Image caption Оқои Зариф ва хонуми Аштун дар нишасти ифтитоҳия ҳозир буданд (Акс аз саҳфаи Твитери Мойкл Мон, сухангӯйи хонуми Аштун)

Даври ҷадиди музокироти ҳастаии Эрон ва намояндагони кишварҳои Гурӯҳи 5+1 бо гуфтугӯи Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон ва Котрин Аштун, масъули сиёсти хориҷии Иттиҳодияи Урупо, дар Виен оғоз шуд.

Ҳайъатҳои намояндагии Эрон ва кишварҳои Гурӯҳи 5+1 (Омрико, Бритониё, Чин, Русия, Фаронса ва Олмон) рӯзи сешанбеи 18 март, музокира бар сари ҳаллу фасли парвандаи ҳастаии Эронро дар мақарри дафотири Созмони Милали Муттаҳид дар Виен, пойтахти Утриш, оғоз карданд.

Ду тараф дар марҳилаи ибтидоии музокирот ба "тавофуқи Женев" даст ёфта буданд, ки аз авохири даймоҳ иҷро шуд ва бар асоси он, Эрон дар қиболи таълиқ ё маҳдуд кардани бахшҳое аз барномаи ҳастаии худ, имкони истифода аз қисмате аз дороиҳои масдудшудаи худ дар хориҷ барои воридоти колоро ёфтааст.

Замони иҷрои тавофуқи Женев шаш моҳ таъйин шуда ва қарор аст дар ин фурсат Эрон ва Гурӯҳи 5+1 ба музокирае барои ҳаллу фасли ниҳоии парвандаи ҳастаии Ҷумҳурии Исломӣ идома диҳанд.

Интизор ин аст, ки дар сурати дастёбӣ ба тавофуқи ниҳоӣ, иқдомоте ҷиҳати лағви комили таҳримҳои байналмилалӣ ва якҷонибаи хориҷӣ адлайҳи Эрон ба ҷараён афтад.

Нишасти Виен ба муддати дӯ рӯз то 20 март баргузор мешавад, аммо зоҳиран ба далели мусодиф шудан бо оғози соли нави эронӣ, идомаи он ба баъд мавкул хоҳад шуд.

Дастури кори музокироти Виен пештар тавассути ҳайъатҳои коршиносии Эрон ва 5+1 баррасӣ ва таъйин шудааст.

Бархе манобеъи хабарии Эрон ба нақл аз Аббоси Ароқчӣ, муъовини вазорати хориҷа ва сарпарасти музокироти Эрон, гузориш карда буданд, ки мавзӯъи ғанисозии урониюм, рафъи нигаронӣ дар мавриди реоктури оби сангини Арок ва ҳамкориҳои ҳастаӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Ахиран ҳудуди 200 намояндаи маҷлиси Эрон бо имзои номае аз ҳайъати музокиракунандаи эронӣ хостанд, ки ба маҳдудияти фаъъолияти реоктури оби сангин тан надиҳанд.

Матолиби муртабит