Оятуллоҳ Хоминаӣ: Музокироти ҳастаӣ бояд идома ёбад

  • 9 Апрел, 2014
Image copyrightLeader.ir
Image caption Дар аксҳои мунташиршуда дар сойти оятуллоҳ Хоминаӣ аз дидори имрӯз, чеҳраҳои дастандаркорони барномаи ҳастаии Эрон нишон дода нашудааст

Оятуллҳоҳ Хоминаӣ, раҳбари ҷумҳурии исломии Эрон бо таъкид бар ин ки "мувофиқон бо музокироти ҳастаӣ барои шикастани фазои хасмонаи ҷабҳаи истикбор бар зиди Эрон буд" гуфт, ки "ин музокирот бояд идома ёбад."

Раҳбари Эрон дар айни ҳол таъкид кард, ки "музокиракунандагони кишварамон ҳеҷ ҳарфи зӯриро набояд аз тарафи муқобил қабул кунанд ва равобити Ожонси байналмилалии энержии атумӣ бо Эрон низ бояд ба сурати мутаъориф ва ғайрифавқулъодда бошад."

Изҳороти оқои Хоминаӣ ба муносибати "Рӯзи миллии фанноварии ҳастаӣ" ва дар ҷараёни дидор бо Алиакбари Солеҳӣ, раис ва ҷамъе аз мудирон ва коршиносони Созмони энержии атумии Эрон сурат гирифтааст.

Дар соли 1386 ва дар замони давлати Маҳмуди Аҳмадинажод, бистуми фарвардин ба унвони рӯзи миллии фанноварии ҳастаӣ номгузорӣ шуд. Дар тули давраи раёсати ҷумҳурии оқои Аҳмадинажод ҳар сол дар Рӯзи миллии фанноварии ҳастаӣ дастофардҳо ё барномаҳои ҷадиди ҳастаии Эрон эълом мешуд.

Оятуллоҳ Хоминаӣ дар ҷараёни дидори имрӯз гуфт, ки душманони хориҷии ҳукумати Эрон мехостанд ба баҳонаи барномаи ҳастаӣ "фазои байналмилалиро бар зиди Эрон ҳифз кунанд" ва афзуд: "Бар ҳамин асос буд, ки бо тарроҳии ҷадиди давлат барои музокира дар хусуси мавзуъи ҳастаӣ мувофиқат шуд то ин ҷавви ҷаҳонӣ шикаста ва ибтикори амал аз тарафи муқобил гирифта шавад ва ҳақиқат низ барои афкори умумии дунё мушаххас шавад."

Вай таъкид кард: "Ҳиҷ як аз дастовардҳои ҳастаии кишвар қобили таътил шудан нест ва касе ҳам ҳаққи муъомила бар рӯйи онҳоро надорад ва касе ҳам ин корро анҷом нахоҳад дод."

Дар аксҳои мунташиршуда дар сойти раҳбари Эрон аз дидори имрӯз тасвири чеҳраи мутахассисон ва дастандаркорони барномаи ҳастаии Эрон ба намоиш дарнаёмадааст.

Дар ин тасовир ғайр аз оятуллоҳ Хоминаӣ, Алиакбари Солеҳӣ, раиси Созмони энержии атумӣ ва бархе дастандаркорони дафтари раҳбарӣ, сойири аксҳои мунташиршуда аз пушти сари ҳозирон дар маросим гирифта шудааст.

Дар солҳои гузашта теъдоде аз коршиносон ва дастандаркорони барномаи ҳастаии Эрон террур шуда ё дар феҳристи таҳримҳои байналмилалӣ қарор гирифтаанд.

Матолиби муртабит