Эрон ниме аз урониюми бистдарсадиро "рақиқ кардааст"

  • 17 Апрел, 2014
Image copyrightGetty
Image caption Бар асоси тавофуқномаи Женев Эрон бояди тавлиди урониюми бистдарсадиро мутаваққиф кунад

Ҳамзамон бо пардохти қисти панҷуми манобеи молии озодшудаи Эрон, Ожонси байналмилалии энержии атумӣ аз иҷрои таъаҳҳуди Эрон ба табдили захоири урониюми 20 дарсадии ин кишвар хабар додааст.

Ба гузориши манобеъи хабарӣ Ожонси байналмилалии энержии атумӣ дар гузорише, ки матни комили он ҳафтаи оянда мунташир хоҳад шуд, таъйид кардааст, ки Эрон ниме аз захоири урониюми бо хулуси 20 дарсадии худро "рақиқ" кардааст.

Ин иқдом дар ростои иҷрои таъаҳҳудоти Эрон дар қолаби тавофуқи Женев байни Ҷумҳурии исломӣ ва гурӯҳи 5+1 (Омрико, Русия, Чин, Бритониё, Фаронса ва Олмон) сурат гирифта, ки дар пайи музокироти ду тараф, дар моҳи ноябри соли гузашта ба даст омад ва аз моҳи январи соли ҷорӣ иҷро шуд.

Кишварҳои Ғарбӣ Эронро муттаҳам карда буданд, ки дар пӯшиши барномаҳои сулҳомези ҳастаӣ дар садади сохт ё касби омодагӣ барои сохти бумби атумӣ аст ва ҳадафи Ҷумҳурии исломӣ аз ғанисозии урониюм, тавлиди урониюми бо ғилзати боло барои ин манзур аст. Эрон ин иттиҳомро ҳамвора рад кардааст.

Ба ҳамин далел тасмими Эрон ба тавлиди урониюми 20 дарсадӣ дар соли 2010 боъиси ташдиди нигаронии кишварҳои ғарбӣ шуд, ки онро гоме дигар дар ростои тавлиди таслиҳоти атумӣ тавсиф карданд ва гуфтанд, ки Эрон хоҳад тавонист ин навъи урониюмиро басуръат ба урониюми бо ғилзати муносиб барои сохти бумби атумӣ табдил кунад.

Дар он замон мақомоти эронӣ гуфтанд, ки ҳадаф аз тавлиди урониюми бо ғилзати 20 дарсадӣ таъмини сӯхти мавриди ниёзи реоктури таҳқиқотии Теҳрон аст ва кишварҳои ғарбиро муттаҳам карданд, ки аз таҳвили ин навъи сӯхт ба Эрон худдорӣ кардаанд.

Гуфта мешавад, ки бар асоси тавофуқи Женев Эрон мутаъаҳҳид шудааст тавлиди урониюми 20 дарсадиро мутаваққиф ва тайи шаш моҳи давраи иҷрои ин тавофуқ захоири мавҷуди ин навъи урониюмро ба урониюми бо хулуси камтар табдил кунад.

Гуфта мешавад гузориши Ожонси байналмилалии энержии атумӣ, ки тайи чанд рӯзи оянда мунташир мешавад, таъйид мекунад, ки Ҷумҳурии исломӣ ба таъаҳҳудоти худ дар чорчӯби тавофуқномаи Женев амал кардааст. Эрон то моҳи июни соли ҷорӣ фурсат дорад ки ба тамомии таъаҳҳудоти худ дар чорчӯби тавофуқи Женев амал кунад.

Image copyrightReuters
Image caption Тавлиди урониюми бистдарсадӣ дар замони Аҳмадинажод оғоз шуд ва ташдиди таҳримҳои хориҷиро дар пай овард

Дар хабаре дигар дар ҳамин замина гузориш шудааст, ки қисти панҷуми манобеъи молии озодшудаи Эрон ба маблағи чаҳорсаду панҷоҳ миллиюн дулор ба ин кишвар пардохт мешавад.

Тавофуқи Женев пешбинӣ кардааст, ки Эрон зарфи шаш моҳ аз замони иҷроӣ шудани ин тавофуқ, муъодили чаҳор милёрду дувист миллиюн дулор аз манобеъи арзии худро, ки дар хориҷ масдуд шуда, дар ҳашт қист дарёфт кунад. Пардохти ҳар қист дар баробари таъйиди амали Эрон ба таъаҳҳудоти худ сурат мегирад.

Хабаргузории ИРНО ба нақл аз Маҷиди Тахтиравончипур, муъовини вазири хориҷа ва узви гурӯҳи музокиракунанадгони ҳастаии Эрон, гуфтааст, ки қисти панҷум дар рӯзи 15 апрел озод шуда ва дар ихтиёри Эрон қарор гирифтааст.

Пардохти ин маблағ нишонаи он аст ки Ҷумҳурии исломӣ ба таъаҳҳудоти худ амал карда ва ҳафтаи гузашта Юкиё Омону, мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атумӣ дар мусоҳиба бо хабаргузории Руйтерз пешрафт дар иҷрои тавофуқи Женевро мавриди таъйид қарор дод. Ожонси байналмилалии энержии атумӣ бар асоси иттилоъоти дарёфтӣ аз бозрасони худ пешрафт дар иҷрои тавофуқи Женевро ба сурати моҳона гузориш мекунад.

Матолиби муртабит