Ду гузаргоҳи марзии дигари Ироқ ба дасти Доъиш афтод
Image copyrightnonПайкорҷӯёни исломгарои ифротии Давлати Исломии Ироқ ва Шом муваффақ шудаанд бахшҳои бештаре аз устони Анбор, бузургтарин устони Ироқ бо ҷамъияти аксаран сунниро тасарруф кунанд.
Гузаргоҳи марзии Алвалид, дар марзи Ироқ бо Сурия ва гузргоҳи марзии Турабил, дар марзи Урдун ба кунтрули Доъиш даромадааст. Мақомҳои амниятӣ ҳам имрӯз эълом карданд, ки шаҳри Рутба ба дасти пайкорҷӯён афтодааст.
Рутба чаҳорумин шаҳре аст, ки дар ду рӯзи гузашта дар устони Анбор суқут кардааст.
Анбор дар ғарб ва ҳамсоягии Урдун, Сурия ва Арабистони Саъудӣ қарор дорад ва шаҳри Рутба, ки батозагӣ ба кунтрули шӯришиён даромада дар масири ҷодае қарор дорад, ки Бағдодро ба Сурия ва Урдун мепайвандад. Бо тасарруфи Алвалид ва Турабил ҳар ду роҳе, ки аз ин ҷода ба марзҳои Ироқ (бо Сурия ва Урдун) мераванд,, дар кунтрули Доъиш аст.
Рӯзи шанбеи 21 июн низ гузаргоҳи марзии Қоим, дар ғарби Ироқ ва марзи Сурия, ба ҳамроҳи шаҳрҳои Рова ва Оно ба дасти Доъиш афтод. Пайкорҷӯёни Доъиш гуфтаанд бархе аз тасарруфҳояшон бидуни хунрезӣ ва аз тариқи гуфтугӯ бо ашоъири суннӣ мумкин шудааст.
Яке аз пайкорҷӯён ба Би-би-сӣ гуфт, ки онҳо қасд доранд кулли устони Анборро тасарруф кунанд, то барои ҳамла ба Бағдод, пойтахт, омода шаванд.
Доъиш бахшҳое аз шарқи Сурияро дар ихтиёр дорад ва бо ишғоли шаҳрҳои наздик ба Сурия дар Ироқ, метавонад барои нерӯҳои худ минтақаи амни васеъ эҷод кунад ва бароҳатӣ ба ҷобаҷоии муҳиммот ва таҷҳизоти ҷангӣ бипардозад.
Гурӯҳи тундрави Доъиш, ки даргири ҷанги дохилии Сурия буд, камтар аз ду ҳафта пеш тавонист шаҳри Мавсил, бузургтарин шаҳри шимоли Ироқро дар ихтиёр бигирад. Ин гурӯҳ мегӯяд, ки мехоҳад давлате исломӣ дар Ироқ ва Шом (Сурия) барқарор кунад.
Бархе нозирон мегӯянд нерӯҳои Доъиш аз сарбозони артиши Ироқ варзидатар ҳастанд.
Нерӯҳои давлат мегӯянд, ки дар ҳамлае ҳавоӣ ба Тикрит, дар шимоли Ироқ ва дар дасти Доъиш, талафоти сангине ба онҳо таҳмил кардаанд. Онҳо аз кушта шудани чиҳил пайкорҷӯ хабар медиҳанд, аммо шоҳидони айнӣ мегӯянд чанд ғайринизомӣ низ дар ин ҳамла кушта шудаанд.
Хабарнигори Би-би-сӣ дар Ироқ мегӯяд наметавон бо қотеъияи саҳми гурӯҳи Доъиш ва дигар шӯришиҳоро дар тасарруфҳои ахир дар Ироқ рӯшан кард. Ба гуфтаи ӯ афсарони артиши Ироқ дар даврони Саддом Ҳусейн ва ҷангҷӯёни ашоъири суннӣ низ, ки ихтилофи назарҳое бо Доъиш доранд, ҳамакнун дар даргириҳо нақш доранд.
