"Таъйиди" ҳамлаи Сурия ба мавозеъи Доъиш дар Ироқ
Image copyrightnaМақомҳои омрикоӣ ва ироқӣ гуфтаанд, ки ба эътиқоди онҳо бумборони мавозеъи шӯришиёни Доъиш дар атрофи шаҳри марзии Қим дар зи сешанбе кори ҳавопаймои низомии Сурия будааст.
Гурӯҳи давлати исломии Ироқ ва Шом дар муноқишаи Сурия ҳам фаъъол будааст ва акнун бахшҳоеро дар ҳар ду сӯйи марз кунтрул мекунад.
Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи Омрико, ки рӯзҳои душанбе ва сешанбе машғули дидор бо мақомҳои ироқӣ буд, рӯзи чаҳоршанбе алайҳи ҳар гуна иқдоми тозаи низомӣ дар Ироқ, ки мумкин аст ба шикофҳои фирқаӣ доман бизанад, ҳушдор дод.
Пештар Ню-Йурк Тоймз ҳам гузориш дода буд, ки ҳавопаймоҳои таҷассусии Эрон дар талоше барои кумак ба давлати Ироқ алайҳи Доъиш бар фарози Ироқ ба парвоз даромадаанд.
Як мақоми баландпояи артиши Ироқ, ки нахост номаш фош шавад, ба хабаргузории Оссушиэйтед Пресс гуфт, ки ҳавопаймоҳои Сурия дар рӯзи сешанбе мавозеъи пайкорҷӯён дар Қим ва атрофи онро бумбборон карданд.
Ӯ гуфт, ки соири ҳамсоягони Ироқ - Урдун, Кувейт, Арабистони Саъудӣ ва Туркия - ҷумлагӣ дар ҳоли тақвияти парвозҳои низомӣ дар дохили осмони худ барои назорат бар авзоъ ҳастанд.
Мақомҳои омрикоӣ ҳам ба ҳамин хабаргузорӣ гуфтаанд, ки тасаввур мекунанд ҳамлаи Қим кори ҳавопаймоҳои давлати Сурия ва алайҳи Доъиш буда бошад.
Аммо оқои Керрӣ зоҳиран дар ишорае ба ин навъ ҳамалот гуфт: "Мо қаблан барои ҳамаи кишварҳои минтақа рӯшан кардаем, ки набояд коре кард, ки шикофҳои фирқаиро, ки ҳоло ҳам таниши зиёде ба вуҷуд оварда, бадтар кунад. Муҳим аст ба ифротгароӣ доман зада нашавад."
Ҳамакнун 130 сарбози артиши Омрико, ки нақши мушҳорвирро бозӣ хоҳанд кард, вориди Ироқ шудаанд ва дар ҳоли барпо кардани як маркази фармони муштараки амалиётӣ бо артиши Ироқ дар Бағдод ва яке дар шимоли кишвар ҳастанд. Шумори ин мушовирон дар ниҳоят ба ҳудуди 300 нафар афзоиш хоҳад ёфт.
Мақомҳои омрикоӣ пофишорӣ карданд, ки ин "ҳаракате шитобон барои наҷоти" давлати Ироқ нест, ҳарчанд сарбозони омрикоии мустақаршқуда дар мавқеъияте ҳастанд, ки дар сурати лузум битавонанд хостори ҳамлаи ҳавоӣ шаванд.
Оқои Керрӣ гуфт, ки Бағдод бояд барои итминон аз ин ки артиши Ироқ метавонад бидуни иттако ба кумаки хориҷӣ аз кишвар дифоъ кунад, гом бардорад.
Ҷон Керрӣ барои анҷоми гуфтугӯҳои бештар дар бораи буҳрони Ироқ рӯзи ҷумъа ба Арабистони Саъудӣ хоҳад рафт.
