70 зиндонии амниятӣ дар Ироқ кушта шуданд
Манобеъи амниятӣ дар Ироқ мегӯянд 70 зиндонӣ дар наздикии шаҳи Ҳала, дар ҷануби Бағдод, кушта шудаанд.
Ба гуфтаи ин пулис, ҳамаи ин 70 зиндонӣ ба иқдомоти "теруристӣ" муттаҳам буданд ва маъмурон қасд доштанд онҳоро ба далоили амниятӣ ба бахшҳои ҷанубитари Ироқ мунтақил кунанд, ки корвонашон мавриди ҳамлаи мардони мусаллаҳ қарор гирифт.
Ҳуввияти муҳоҷимон ҳанӯз мушаххас нест. Ба гуфтаи пулис, зиндониён дар табодули оташи миёни нерӯҳои амниятӣ ва муҳоҷимон кушта шудаанд. Ҳамчунин чандин маъмури пулис захмӣ шуда ва 6 нафар аз муҳоҷимон ҳам кушта шуданд.
