Полоишгоҳи Байҷӣ 'ба тасарруфи пайкорҷӯён даромад'

  • 24 Июн, 2014
Image copyrightReuters
Image caption Даргириҳои рӯзҳои гузашта дар полоишгоҳи Байҷӣ бо камбуди сӯхт дар шаҳрҳои Ироқ ҳамроҳ шуд.

Пайкорҷӯёни ифротӣ дар Ироқ мегӯянд, ки полоишгоҳи Байҷӣ, бузургтарин полоишгоҳи Ироқро ба таври комил ба тасарруфи худ даровардаанд.

Шибҳнизомиёни Доъиш дар даҳ рӯзи гузашта полоишгоҳи Байҷиро муҳосира карда буданд ва нерӯҳои артиши Ироқ дар чанд навбат тавонистанд ҳамлаи онҳоро мутаваққиф кунанд.

Ин полоишгоҳ як севуми сӯхти масрафӣ дар Ироқро таъмин мекунад ва муҳосираи он боъси камбуди сӯхт дар ин кишвар шуда буд.

Пайкорҷӯён дар рӯзҳои гузашта тасаллути худ бар бахшҳои шимолӣ ва ғарбии Ироқро густариш додаанд ва ҳамаи гузаргоҳҳои марзӣ бо Урдун ва Сурияро тасарруф кардаанд.

Ба гуфтаи як сухангӯйи пайкорҷӯён, идораи полоишгоҳи Байҷӣ ба ашоъири маҳаллӣ дар устони Салоҳиддин вогузор хоҳад шуд.

Ба гуфтаи хабарнигорон, тасарруфи полоишгоҳи Байҷӣ барои идомаи тасаллути Доъиш бар манотиқи тасарруфшуда ва таъмини сӯхти шаҳри Мавсил ҳаётӣ аст.

Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷаи Омрико, рӯзи душанбе дар Бағдод аз ҳимояти "ҷиддӣ ва мудовими" Иёлоти Муттаҳида аз нерӯҳои амниятии Ироқ дар баробари шибҳнизомиёни Доъиш гузориш дод.

Ба гуфтаи оқои Керрӣ, ҳамалоти шибҳнизомиёни Доъиш барои бақои Ироқ хатарнок аст ва рухдодҳои рӯзҳо ва ҳафтаҳои ояндаро ҳаётӣ хонд.

Шибҳнизомиёни Доъиш дар чанд рӯзи гузашта бахшҳое аз устони Анбор, аз ҷумла ду гузаргоҳи муҳим дар марзи Сурия ва Урдунро ба тасарруфи худ дароварданд.

Доъиш бахшҳое аз шарқи Сурияро дар ихтиёр дорад ва бо ишғоли шаҳрҳои наздик ба Сурия дар Ироқ метавонад минтақаи амне барои ҷобаҷоии муҳиммот ва таҷҳизоти ҷангӣ эҷод кунд.

Матолиби муртабит