Амалиёти артиши Ироқ барои пас гирифтани Такрит оғоз шуд
Image copyrightAFPАртиши Ироқ мегӯяд амалиёти густардаеро барои бозпас гирифтани шаҳри Такрит дар шимоли Бағдод аз шибҳинизомиёни Доъиш оғоз кардааст.
Бино бар гузоришҳо, ҳазорон сарбози ироқӣ бо пуштибонии чархболҳои низомӣ дар ин амалиёт ширкат кардаанд.
Шаҳри Такрит зодгоҳи Саддом Ҳусейн, раҳбари собиқи Ироқ аст, ки ҳудуди ду ҳафта пеш ба тасарруфи шибҳинизомиёни мусаллаҳи суннӣ ба раҳбарии Доъиш (Давлати исломии Ироқу Шом) даромад.
Артиши Ироқ мегӯяд дар амалиёти имрӯз (шанбеи 7 тир - 27 июн) нерӯҳои таковар, тонку чархболҳои низомӣ ва ҳамин тур, гурӯҳҳои мусаллаҳи суннии тарафдори давлат ва довталабони шиъа ширкат доранд.
Яке аз сокинони шаҳри Такрит ба хабаргузории Осушиэйтид Прес гуфтааст, ки мардум дар ҳоли фирор ҳастанд ва Такрит ба "шаҳри арвоҳ" табдил шудааст.
Хабари шурӯъи амалиёт барои пас гирифтани Такрит баъд аз он мунташир шуд, ки давлати Омрико истифода аз паҳподҳои мусаллаҳ бар фарози осмони Ироқро таъйид кард.
Ҳадаф аз ин иқдом ҳифозат аз ҷони нерӯҳои омрикоии ҳозир дар Ироқ эълом шуд.
Ҳамла ба манотиқи масеҳинишин
Усқуфи (раҳбари масеҳиёни) Арбил, шаҳри дигари шимоли Ироқ, мегӯяд ҳазорон масеҳии ошӯрии сокини рустоҳои атрофи Мавсил дар рӯзҳои ахир аз маҳалли зиндагияшон гурехтаанд.
Усқуфи Арбил ба Би-би-сӣ гуфт, ки нерӯҳои Доъиш ва шибҳинизомиёни пайкорҷӯи суннӣ ба ду минтақаи ошӯринишини Бағдидо ва Кармлис ҳамла кардаанд.
Бар асоси гузоришҳо, нерӯҳои пешмарги курд барои дифоъ аз ин манотиқ бо пайкорҷӯёни Доъиш даргир шудаанд.
Масеҳиёни ин манотиқ, ки аз даргириҳо гурехтаанд, ба Курдистони Ироқ паноҳ бурдаанд.
Доъиш, ки дар пайи эҷоди як ҳукумати исломӣ дар минтақа аст, пешравиҳои низомии худ дар Ироқро аз ҳудуди се ҳафта пеш ва бо ишғоли шаҳри Мавсил, бузургтарин шаҳри шимол, оғоз кард.
