Иқдомоти Суис барои ҷилавгирӣ аз давр задани таҳримҳо тавассути Русия

  • 5 Август, 2014
Image copyrightAFP
Image caption Давлатҳои урупоӣ ва Омрико ба хотири ҳимояти Русия аз ҷудоиталабони Укройн як ришта таҳрим алайҳи он кишвар вазъ карданд

Давлати Суис (Швейтсария) дар ҳоли таҳияи як феҳрист аз даҳҳо нафар аз афроди соҳибнуфузи рус ва ҳамчунин ҷудоиталабони тарафдори Русия аст, то онҳо натавонанд таҳримҳои Иттиҳодияи Урупо ва Омрикоро давр зада ва дар Суис (Швейтсария) даст ба касбу кор бизананд.

Ин таҳримҳо шомили касоне хоҳад буд, ки дар листи таҳримҳои Иттиҳодияи Урупо аз доду ситади ҷадид бо Суис манъ шудаанд; аммо сарвати ин афрод масдуд намешавад ва Суис мегӯяд қасди вазъи таҳримҳои махсус ба худро надорад.

Таҳримҳои Суис шомили 78 шахсият ва 20 созмони русӣ аст, ки бештари онҳо аз назари Урупо мустақиман бо даргириҳои Укройн дар иртиботанд.

Кишварҳои ғарбӣ ва Омрико мегӯянд Русия аз ҷудоиталабони Укройн ҳимоят мекунад ва аз замони даргириҳо дар шарқи Укройн як ришта таҳримҳои иқтисодӣ ва сиёсиро алайҳи Русия ва бархе шахсиятҳои мутанаффизи он кишвар ба иҷро гузоштаанд.

Чанд рӯз пеш Омрико ва Иттиҳодияи Урупо ба таври ҳамоҳанг таҳримҳои ҷадиде алайҳи Маскав вазъ карданд. Маҳдудиятҳои тозаи Омрико шомили мамнуъияти шаҳрвандон ё афроди сокини Омрико аз муъомилот бо се бонки русӣ ва ширкати киштисозии Юнойтед мешавад.

Таҳримҳои ҷадиди Иттиҳодияи Урупо мутаваҷҷеҳи бахшҳои энержӣ, дифоъӣ ва молӣ аст.

Дар оғоз Бритониё, Фаронса ва теъдоде аз кишварҳои Урупои Шарқии узви Иттиҳодияи Урупо хостори ташдиди таҳримҳо алайҳи Русия буданд, вале Олмон ба далели равобити густардаи тиҷорӣ рӯйкарди мулоимтаре дошт.

Бо сарнагунии ҳавопаймои мусофирбарии Молезиё дар шарқи Укройн, ки Ғарб ҷудоиталабони Укройнро ба анҷоми он муттаҳам мекунад, урупоиҳо мавозеъи шадидтаре алайҳи Русия иттихоз кардаанд.

Борок Убомо, раиси ҷумҳури Омрико гуфта буд, ки иқдомоти ҳамоҳанги Омрико ва Иттиҳодияи Урупо "ҳатто бахши бузургтаре аз иқтисоди Русияро хоҳад хӯрд."

Матолиби муртабит