Теквондукорони русу укройнӣ дар ҳутелҳои ҷудогона дар Душанбе

  • 6 Август, 2014
Тоблуи мусобиқотImage copyrightBBC World Service
Image caption Ин мусобиқот ва маросими марбут ба он даҳ рӯз дар Тоҷикистон идома хоҳад дошт

Дастандаркорони мусобиқоти байналмилалии теквонду дар Тоҷикистон мегӯянд, ки барои ҷилавгирӣ аз ҳар гуна иқдоми таҳрикомез тимҳои Укройн ва Русияро дар меҳмонхонаҳои ҷудогона дар Душанбе ҷо додаанд.

Дар ин мусобиқот ва маросими марбут ба он, ки аз 2 то 10 август дар шаҳри Душанбе доир мешавад, беш аз 600 варзишгар аз 50 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Русия ва Укройн, ширкат хоҳанд кард.

Мирсаид Яҳёев, раиси Федеросиюни теквондуи Тоҷикистон, мегӯяд, ки муносибати миёни намояндагони варзиши Русия ва Укройн хуб аст: "Кӯдакон ва навҷавонон барои даъвои сиёсӣ наомадаанд, онҳо ба ин ҷо барои ширкат дар мусобиқоти варзишӣ омадаанд. Мо ҳоло миёни тимҳо ҳеҷ гуна мушкиле надорем, ҳама онҳо ҳам доварон ва ҳам варзишгарон миёнашон дӯстӣ доранд.”

Бо ин ҳол, оқои Яҳёев гуфт, ки ба хотири роҳ надодан ба ҳар гуна иқдомоти таҳрикомез тасмим шуда, ки тимҳои ду кишварро дар меҳмонхонаҳои мухталиф ҷо диҳанд.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Оқои Ранен гуфт, ки сиёсат набояд дар ширкати варзишгарон дар мусобиқоти мухталиф таъсири манфӣ расонад

Аз замони даргириҳо миёни ҷудоиталабон дар шарқи Укройн, мақомоти он кишвар Русияро ба таҷҳизи шӯришиёни ҳаводори Русия бо силоҳҳои сангин ва эъзоми довталабон муттаҳам мекунанд.

Русия ҳамвора ин иддиъоро рад карда ва дар айни ҳол амалиёти нерӯҳои низомии Укройн дар шарқи ин кишварро маҳкум кардааст. Мақомоти ду кишвар дар нишастҳои мухалиф ҳамдигарро ба таҳрики низоъ дар Укройн муттаҳам мекунанд.

Аммо иддае аз намояндагони варзиши ду кишвари Укройн ва Русия, ки барои ширкат дар мусобиқоти теквонду дар Душанбе ба сар мебаранд, мегӯянд, ки варзиш ва варзишкорон орӣ аз ҳар гуна сиёсати хушунатомез ҳастанд.

Олга Резансева, муррабии риштаи ткквонду аз Русия, қарор аст, ки дар мусобиқоти байналмилалӣ дар Тоҷикистон доварӣ кунад.

Хонуми Резансева мегӯяд: "Медонед, варзиш орӣ аз сиёсат аст. Варзиш дар сиёсат замоне ворид мешавад, ки варзишкор ба майдон барояд ва ба хотири меҳанпарастӣ дар мусобиқа пирӯз шавад. Ман умед дорам, ки ҳадди ақал ҳеҷ гуна иқдомоти таҳрикомез миёни доварон нашавад."

Вай афзуд, ки аз муддатҳо қабл бо ҳамтоёни укройнии худ дӯстӣ дорад ва то ҳол муносиботи миёни онҳо гарм ва орӣ аз ҳар гуна ғараз аст.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Хонуми Резансева гуфт, ки аз муддатҳо қабл бо ҳамтоёни укройнии худ дӯстӣ дорад

Владимир Ранен, довари укройнӣ, низ бо ҳамтои руси худ ҳамақида аст: "Ин навъи варзиш, ки кӯдакон аз ҳафтсолагӣ онро тамрин мекунанд, аз варзишгарон интизоми вижаеро тақозо мекунад."

"Мо қабл аз омадан бо мақомоти варзишии кишварамон ҷаласа гузарондем ва гуфтем, ки дарвоқеъ мушкилӣ вуҷуд дорад, аммо он набояд дар ширкати варзишгарон дар мусобиқоти мухталиф таъсири манфӣ расонад."

Рӯзи панҷшанбеи 7 август дар маросими ифтитоҳии мусобиқоти байналмилалии теквонду миёни навҷавонон ва варзишгарони куҳнакор ду кишвари Укройн ва Русия бо парчамҳои миллии худ рӯйи майдон хоҳанд омад.

Дар рӯзҳои мусобиқот варзишгарони ин ду кишвар барои дарёфти Ҷоми Ҷаҳонӣ бо ҳам дар майдон ба рақобат хоҳанд пардохт. Ин мусобиқот то 10 август бо ширкати варзишгарон аз 50 кишвари ҷаҳон идома хоҳад дошт.

Матолиби муртабит