Комроншоҳ Устопириён дар радабандии беҳтарин куштигирони ҷаҳон 9 зина боло рафт

  • 13 Феврал, 2014
Комроншоҳ УстопириёнImage copyrightBBC World Service
Image caption Комроншоҳ Устопириён, куштигири ҷавони тоҷик.

Комроншоҳ Устопириён, куштингири ҷавони тоҷик дар радабандии беҳтарин куштигирони ҷаҳон 9 зина боло рафта дар зинаи 41-ум қарор гирифт.

Дар мусобиқоти байналмилалии "Гренд слем", ки ба торихи 8 ва 9 феврали соли ҷорӣ дар Порис баргузор шуд Комроншоҳ Устопириён бо бадаст овардани 60 имтиёз аз зинаи 50-ум, ки қаблан қарор дошт 9 зина боло рафта дар зинаи 41-ум ҷой гирифт.

Рузи якшанбе 16 феврал Комроншоҳ Устопириён дар "Мусобиқоти бози Урупоӣ", ки дар шаҳри Оберварти Утриш баргузор мешавад ширкат мекунад.

Ширинҷон Мамадсафоев, дабири кулли Федеросиюни куштини ҷудуи Тоҷикистон мегӯяд “Мусобиқоти байналмилалии Порис яке аз муътабартарин мусобиқот аст барои бадаст овардани имтиёзҳо миёни варзишкорони тамоми дунё."

Пас аз поёни мусобиқоти Оберварт Комроншоҳ тайи се рӯз дар ин шаҳр дар якҷоягӣ бо варзишкорони урупоӣ барои мусобиқоти оянда тамрин хоҳад кард.

Ҳамчунин Комроншоҳ рӯзҳои 22 ва 23 феврал дар мусобиқоти байналмилалии Дусилдорф, шаҳристоне дар ғарби Олмон ширкат хоҳад кард. Ин варзишкори 21-солаи тоҷик аз умедбахштарин куштигирони тоҷик аст, ки дар вазни зери 90 килугром рақобат мекунад.