Куштигирони тоҷик дар Маскав чаҳор медол гирифтанд
Куштигирони тоҷик дар мусобиқоти риштаи самбои размӣ дар шаҳри Маскав чаҳор медол касб карданд.
Дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар самбо, ки дар шаҳри Маскав баргузор шуд, Муин Ғафуров, куштигири ҷавони тоҷик, дар вазни 62 кг мақоми аввал ва медоли тилоро ба худ ихтисос дод.
Ризвониддин Бурҳонов ва Зуҳурбек Нурмаҳмадов дар вазни 68 ва 82 килуграм медолҳои нуқраи ин мусобиқотро ба даст оварданд.
Медоли брунзи ин мусобиқотро Файзӣ Тобатов, куштигири дигари тоҷик, дар вазни 90 килуграм касб кард.
Дар маҷмӯъ, шаш варзишгари тоҷик дар миёни 110 варзишгар аз 18 кишвари ҷаҳон ба рақобат пардохтанд.
Ҳамчунин, дар мусобиқоти дигари куштӣ дар шаҳри Зесолуники Юнон Суруш Каримов дар вазни 15 килуграм медоли брунз ба даст овард . Дар ин мусобиқот паҳлавонони 40 кишвари ҷаҳон ширкат карданд
