Пирӯзии Муҳаммад Абдураҳмонов дар мусобиқоти байналмилалии ҷуду
Муҳаммад Абдураҳмонов, паҳлавони тоҷик дар мусобиқоти байналмилалии ҷуду дар шаҳри Душанбе бар ҳамаи ҳарифони худ дастболо шуда ҷоизаи аслии ин мусобиқа 5 ҳазор дулори омрикоиро ба худ ихтисос дод.
Ҷойи дуввум ва 2 ҳазор дулори омрикоиро Абубакр Абдураҳмонов, ҷудукори дигари тоҷик азони худ кард. Ҷойи сеюм ва ҷоизаи якуним ҳазор дулори омрикоиро Роман Бабиков аз Русия ва Соҳиб Қурбонов аз Узбакистон ба худашон ихтисос доданд.
Мусобиқоти байналмилалии ҷуду ба хотири гиромидошти ҷаҳонпаҳлавони тоҷик Саидмуъмин Раҳимов рӯзи шанбе 6-уми апрел дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Дар ин мусобиқот куштигирони болои 18 сол аз тамоми шаҳру новоҳии кишвар ширкат ва қуваозмоӣ намуданд.
Дар баробари варзишгарони тоҷик ҳамчунин барои дарёфти мақоми аввал ва ҷоизаи аслии ин мусобиқот ҷудукорони Эрон, Афғонистон, Русия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон ва Муғулистон миёни ҳам рақобат карданд.
Мубтакирони баргузории ин мусобиқот Федеросиюни ҷудуи кишвар ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ҳастанд. Ин мусобиқот дар муҷтамаъи варзишии Кумитаи андоз дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Саидмуъмин Раҳимов куштигири шинохтаи тоҷик соли 1975 дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба куштии самбо дар шаҳри Мински Белорус дар вазни зери 100 килограмм унвони қаҳрамони ҷаҳонро дарёфт кард.
Саидмуъмин Раҳимов 13-уми феврали соли 2009 бар асари сактаи қалб дар синни 62-солагӣ дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт.
