Мусобиқаи дастхобонӣ миёни вазишкорои маълул дар Душанбе
Рӯзи сешанбе 14 май дар шаҳри Душанбе мусобиқоти ҷумҳуриявӣ оид ба “Дастхобонӣ” (armwrestling) миёни варзишкорони маълул оғоз шуд.
Дар ин мусобиқот 55 варзишкори маълул аз шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғд, Хатлон, Бадахшон, навоҳии тобеъи марказ ва водии Рашт ширкат мекунанд.
Ин мусобиқот дар ду давра баргузор мешавад. Дар даври аввал варзишкорони то 21сола ва дар даври дуввум варзишкорони болои синни 21 ширкат хоҳанд кард.
Аз миёни 55 варзикор дар ин мусобиқот 23 нафар духтарони маълул ҳастанд. Кумитаи кор бо ҷавонони ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федеросиюни варзишкорони маълулӣ кишвар мубтакирони баргузории ин мусобиқот ҳастанд.
Ин мусобиқа ду рӯз идома мекунад ва фардо 15 май аз он натиҷагирӣ хоҳад шуд.
