Ду медоли тиллои куштигирони тоҷик дар мусобиқоти Истомбул

Куштигирони тоҷик муваффақ шуданд ду медоли тиллои ҷоми ҷаҳонии мусобиқоти кураш дар Истомбулро касб кунанд.
Комроншоҳи Устопириён дар вазни зери 90 килугром ва Саидҷалол Саидов дар вазни зери 81 килугром ду медоли тиллои мусобиқоти ҷаҳонии куштии кураш миёни бузургсолонро ба худашон ихтисос доданд.
Дар даври ниҳоии мусобиқот Комроншоҳ Алӣ Муҳаммад, куштигири эронӣ ва Саидҷалол куштигири узбакро шикаст дода мақоми аввал ва медоли тиллои ин мусобиқотро аз худ кард.
Ҳамчунин Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар вазни болои 100 килугром ва Исмоил Боймуродов дар вазни зери 66 килугром медолҳои нуқраи ин мусобиқотро ба даст оварданд.
Дар ин мусобиқот, ки аз торихи 12 то 16 декабр дар шаҳри Истомбули Туркия идома дошт, варзишкорони беш аз 50 кишвари ҷаҳон ширкат доштанд.
