Дархости таъсиси варзишгоҳҳои бештар дар Хатлон

  • 6 Июн, 2014
варзишImage copyrightBBC World Service
Image caption Устондории Хатлон хостори таъсиси варзишгоҳҳои бештаре дар ин вилоят шудааст

Бахши кор бо ҷавонон, варзиш ва ҷаҳонгардии вилояти Хатлон мегӯяд, ки дар панҷ моҳи соли ҷорӣ вазишкорони ин вилоят дар ҳашт мусобиқаи байналмилалӣ ва 28 мусобиқаи миллӣ 495 медол овардаанд.

Ин рақам дар муқоиса бо ҳамин давраи соли милодии гузашта 168 медол бештар будааст. Шоҳҷон Раҳимов, як масъули бахши кор бо ҷавонони вилоят, гуфт, ки варзишкорон аз ҷумла 22 медоли тило ва 10 нуқраву биринҷӣ ба даст овардаанд.

Оқои Раҳимов мегӯяд, ки соли 2013 варзишкорони хатлонӣ дар 34 мусобиқаи байналмилаӣ ва 81 мусобиқаи дохили кишвар 155 медоли тило, 69 медоли нуқра ва 168 медоли биринҷӣ ба даст оварда буданд.

Оқои Раҳимов гуфт, ки варзиш яке аз роҳҳои солим нигоҳ доштани ҷавонон ва наврасон ба шумор меравад ва ҳамасола ба хотири ҷалби бештари ҷавонону наврасон ба варзиш варзишгоҳҳои гунонуне ифтитоҳ мешавад.

Тибқи иттилоъи манобеъи расмӣ, ҳууматҳои маҳал тоҷиронро муаззаф кардаанд, ки дар баробари сохтмонҳои марказҳои фурӯш ва тиҷорӣ, ҳамчунин барои ҷавононе, ки аз варзиш дур мондаанд, таъсисоти варзишӣ сохта ва дар ихтиёри онҳо гузоранд.

Ҳуумати вилояти Хатлон барои 689 бунгоҳи варзишӣ дар ин вилоят беш аз 500 милюн сомонӣ ихтисос додааст, ки бояд то авохири соли ҷорӣ ин пул барои рушди варзиш ҳазина шавад.

Манобеъи дафтари матбӯъотии устондории Хатлон гуфтанд, ки дар ин вилоят беш аз 30 мактаби варзишӣ фаъъол аст, аммо баъзе аз сокинони маҳаллӣ мегӯянд, ки толорҳои варзишии мактабҳои ҳамагонӣ ҷавобгӯи меъёр набуда ва ба бозсозӣ ниёз доранд.

Тоҳир, як сокини ноҳияи Панҷ, гуфт, ки фарзандонаш дар мактаби шумораи 12-и ин ноҳия таҳсил мекунанд, вале хароб будани толори варзишии мактаб имкон намедиҳад, ки онҳо тамрин кунанд.

Вай мегӯяд, ки ин мактаб дар замони Шӯравӣ сохта шуда буд, вале бо гузашти солҳо толори варзишии он таъмир нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, Давлатшо Гулаҳмадов, устондори Хатлон, ахиран дар як мулоқот бо ҷавонони маҳаллӣ гуфт, ки рушди варзиш дар вилоят ризоятбахш нест. Дар натиҷа, бисёре аз ҷавонон ба хариду фурӯши маводи мухаддир даст мезананд ва ҳар гуна ҷиноятеро муртакиб мешаванд.

Оқои Гулаҳмадов илова кард, ки дар ҷароими мухталиф даст доштани ҷавонон дар ояндаи миллат таъсири манфӣ мегузорад ва ба ин хотир, ҷавонон бояд ба варзиш рӯй оваранд.

Устондории Хатлон бар ин бовар аст, ки ба варзиш машғул шудани ҷавонон аз афзоиши ҷурму ҷиноят дар миёни ҷавонон ҷилавгирӣ хоҳад кард.