Ширкати варзишгарони 50 кишвар дар мусобиқоти теквонду дар Тоҷикистон
Image copyrightBBC World ServiceДар мусобиқаи байналмилалии теквонду, ки дар шаҳри Душанбе тайи се рӯзи оянда баргузор хоҳад шуд, ҳудуди 600 варзишгар аз 50 кишвари ҷаҳон ширкат хоҳанд кард.
Дар ин бора дастандаркорони баргузории ин мусобиқот дар нишасти хабарие, ки баъд аз зуҳри рӯзи сешанбеи 5 август доир шуд, иттилоъ доданд.
Ин барои бори нахуст аст, ки дар Тоҷикистон барои дарёфти Ҷоми Ҷаҳонӣ мусобиқаи байналмилалӣ дар риштаи теквонду баргузор мешавад. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа 43 нафар аз варзишкорони риштаи тэквонду, аз ҷумла 20 духтар, ширкат мекунанд.
Эрон ҳафт нафар аз намояндагони ин навъи варзиши худро барои ширкат дар ин мусобиқот эъзом кардааст, ки танҳо як нафар аз онҳо варзишгар аст. Намояндагони Афғонистон дар ин мусобиқот 13 нафар будаанд, ки 10 нафар аз онҳоро варзишгарон ташкил медиҳанд.
Чаҳор нафар аз ҷумлаи 34 варзишгари узбакистонӣ ба сабаби мушкилоте дар мадорикашон натавонистаанд аз марзи муштараки Тоҷикистону Узбакистон убур кунанд ва ҳамин тур танҳо 30 нафар аз намояндагони он кишвар дар мусобиқот ширкат хоҳанд кард.
Ба гуфтаи масъулони ин мусобиқот, ҳазинаи он ҳудуди як милюн сомониро ташкил дода ва сармоягузории аслии ин мусобиқаи байналмилалӣ давлати Тоҷикистон аст.
Ширкати “МегаФон”-и Тоҷикистон фароҳамгари иртибототи ин мусобиқот буда ва Андрей Шишковский, раиси ин ширкат, гуфтааст, ки таҷрубаи ҳимояти иттилоъотӣ аз чунин мусобиқотро кормандони ин ширкат доштаанд.
Оқои Шишковский афзудааст: "Мо дар гузашта аз мусобиқоти байналмилалӣ дар риштаи куштии самбо барои дарёфти ҷоми “Исмоъили Сомонӣ” ва Ҷоми Осиё дар риштаи теквонду ҳимоят карда будем. Аз ин рӯ, ширкати моро ба унвони ҳимоятгари иттилоъотии ин мусобиқа интихоб кардаанд ва мо низ дар навбати худ кӯшиш мекунем, ки масъулиятамонро бахубӣ иҷро кунем."
Қарор аст рӯзи панҷшанбеи 7 август маросими ифтитоҳии мусобиқоти байналмилалии теквонду дар шаҳри Душанбе баргузор ва то 11 августи соли ҷорӣ варзишгарони 50 кишвари ҷаҳон барои дарёфти Ҷоми Ҷаҳонӣ дар ин риштаи варзиш бо ҳам рақобат кунанд.
Варзишгарони тоҷик ҳанӯз аз авохири соли 2013 барои ширкат дар ин мусобиқот омодагӣ мегирифтанд.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар тобистони соли гузашта дар ҷараёни сафари худ дар вилояти Суғд ва дар маросими гушоиши “Қасри варзиш” дар Хуҷанд аз ҷавонон даъват кард, ки барои мусобиқоти байналмилалии теквонду дар соли 2014 омодагии хуб бигиранд.
Дар ҳамин ҳол, торнамои риёсати ҷумҳурӣ аз мулоқоти оқои Раҳмон бо Ҷанг Унг, раиси Кумитеи варзиш дар риштаи ҳунарҳои размии Маҷмаъи умумии Федеросиюни варзиш хабар додааст.
Дар ин мулоқот ҷонибҳо дар мавриди ҳамкориҳои ояндаи Тоҷикистон ва ин кумите гуфтугӯ кардаанд ва оқои Унг аз рушди теквонду дар Тоҷикистон қадрдонӣ кардааст.
Ҳамчунин, дар поёни мулоқот оқои Унг ба Президент Раҳмон камарбанди сиёҳи 9-дан, ки олитарин нишонаи дастовард дар ин навъи варзиш аст, эъто кардааст. Ҳамчунин, вай ба оқои Раҳмон кимону, як даст либоси вижа барои тарини теквондуро низ супурдааст.
