Ҷудукори ҷавони тоҷик Адҳам Мисоқов дар мусобиқоти Осиё медоли тило гирифт
Дар ҳафтумин мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар заминаи ҷуду миёни наврасони зери 17-сола, ки дар шаҳри Ҳойнони Чин баргузор шуд, Адҳам Мисоқов, ҷудукори тоҷик, бар ҳарифонаш пирӯз шуда ва медоли тилои ин мусобиқотро ба худ ихтисос дод.
Дар аввалин рӯзи ин мусобиқот оқои Мисоқов, ки сокини ноҳияи Ваҳдат аст, дар вазни 73 килуграм дар даври ниҳоӣ бар ҳарифи эронии худ пирӯз шуда ва медоли тило гирифт.
Аммо варзишкори дигари тоҷик Хуршед Маҷидов дар вазни болои 90 килуграм дар рақобати ниҳоӣ аз як ҷудукори жопунӣ шикаст хӯрд ва мақоми дувум ва медоли нуқраро ба даст овард.
Ҳамчунин, Фаррух Салимов, варзишкори дигар тоҷик, дар вазни 81 килуграм медоли брунз дарёфт кард.
Рӯзи 12 декабр дар ин шаҳр 14-умин мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар ҷуду миёни варзишкорони зери 21 сол оғоз шуд, ки панҷ варзишгари тоҷик дар ин мусобиқот ширкат доранд.
Дар маҷмӯъ, 11 ҷудукори тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар шаҳри Ҳойнони Чин ҳузур доранд.
