Дувумин роҳхати Тоҷикистон барои ширкат дар мусобиқоти Сучӣ
Image copyrightBBC World ServiceАбдуғафор Қувватов, варзишкори эскибози тоҷик, ҳаққи ширкат дар бозиҳои Улампики зимистонаи Сучиро, ки моҳи феврал баргузор мешавад, дарёфт кардааст.
Оқои Қувватов дар ду мусобиқаи қаҳрамонӣ, ки яке аз 5 то 8 ва дигар аз 12 то 13 январ дар Эрон баргузор шуд, ширкат ва меъёр барои ширкат дар бозиҳои улампики зимистонаро иҷро кардааст.
Вай дар маҷмӯъ бо касби 128 имтиёз дувумин касе шуд, ки аз Тоҷикистон ба бозиҳои улампики зимистонӣ дар Сучӣ роҳ ёфтааст.
Қаблан аз миёни варзишкорони тоҷик Андрей Дригин, эскибози дигар, роҳхати бозиҳои Улампики Сучиро ба даст оварда буд.
Андрей Дригин дар ду улампики зимистонии қаблӣ дар шаҳрҳои Солт Лейк Ситии Омрико ва Турини Итолиё дар солҳои 2002 ва 2006 ширкат кардааст.
Дар бахши эскибозии бозиҳои зимистонии Улампики Сучӣ, ки аз 7 то 23 феврал дар шаҳри Сучии Русия баргузор мешавад, 10 маҷмӯъа медол дар панҷ ришта ба варзишгарон эъто мешавад.
Иттиҳодияи варзишҳои зимистонии Тоҷикистон асомии номзадҳо барои ширкат дар бозиҳои зимстонии Улампики Сучӣ дар бахши эскибозиро ба Федеросиюни байналмилалии Улампик фиристодааст.
Масъулони Кумитеи улампики Тоҷикистон мегӯянд, ки эскибозӣ танҳо навъи варзиши зимистонӣ аст, ки дар ин кишвар роиҷ аст ва ба ин далел барои рушди ин навъи варзиш ниёз ба пуштибонӣ вуҷуд дорад.
Тибқи гузориши вебсойти расмии бозиҳои зимистонаи Сучӣ-2014 беш аз 350 эскибоз аз миёни мардон ва занҳо дар ин мусобиқот ширкат мекунанд.
Дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бозиҳои зимистонаи Улампики Сучӣ бештар аз ҳама варзишкорон аз Қазоқистон (44 нафар) ширкат мекунанд.
Узбакистон бо се варзишгар ,Қирғизистон бо ҷк варзишгар, аммо аз Туркманистон дар ин мусобиқот ягон варзишгар ширкат намекунад.
