Артиши Укройн мегӯяд шӯришиён оворагони Луҳонскро куштаанд

  • 18 Август, 2014
Image copyrightukraine

Ба корвоне аз оворагон, ки аз ҷанг дар Луҳонск дар шарқи Укройн фирор мекарданд, рокет ва хумпора шиллик шудааст. Низомиёни укройнӣ мегӯянд ин ҳамалот талафоти зиёде ба ҷой гузоштааст.

Ҳанӯз ҷузъиёти дақиқи ин ҳамла маълум нест ва касе масъулияти онро бар уҳда нагирифтааст. Вале Укройн шӯришиёни тарафдори Русияро омили он муъаррифӣ кардааст.

Хабаргузории Руйтерз ба нақл аз яке аз расонаҳои наздик ба шӯришиёни укройнӣ аз табодули оташи сангини тӯпхона дар минтақа хабар додааст.

Луҳонск дар шарқи Укройн ҳанӯз дар кунтрули ҷудоиталабон аст.

Андрей Лисенку, сухангӯи артиш Укройн мегӯяд шибҳнизомиёне, ки тавассути Русия мусаллаҳ шудаанд ба корвони оворагон бо хумпора ва рокет ҳамла кардаанд. "Чандин нафар аз ҷумла занон ва кӯдакон бар асари ин ҳамла кушта шудаанд."

Сухангӯи ҷумҳурии худхондаи Дунетск аммо ин гуфтаҳоро рад кардааст.

Ондрей Пургин гуфтааст нерӯҳои низомии Укройн худашон ба сурати пайваста бо ҳавопаймо ба ин корвон ҳамла карданд ва мисли моҳҳои гузашта ғайринизомиёни бештареро куштанд.

Хушунатҳо дар Луҳонск дар ҳоле идома дорад, ки ғайринизомиён аз камбуди об, ғизо ва набуди барқ ранҷ мебаранд. Нерӯҳои артиши Укройн атрофи шаҳрро ба муҳосираи худ дароварданд.

Пештар Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия гуфта буд баъд аз гуфтугӯҳо дар Берлин ҳоло тавофуқи ҷомеъе дар мавриди интиқоли кумакҳои башардӯстона ба ниёзмандон дар шарқи Укройн сурат гирифтааст.

Ӯ афзуд ҳанӯз, аммо тавофуқе барои як оташбас сурат нагирифтааст.

Вазири хориҷаи Русия баъд аз гуфтугӯҳои рӯзи якшанбеаш бо вузарои хориҷаи Укройн, Олмон ва Фаронса дар Берлин суҳбат мекард.

Матолиби муртабит