Олмон дар бораи музокироти сулҳи Укройн: Сахт буд, аммо пешрафт дошт
Image copyrightEPAВазири хориҷаи Олмон дар бораи музокироти чаҳорҷониба дар бораи даргириҳои шарқи Укройн гуфт, ки ин музокирот мушкил аст, аммо пешрафт доштааст.
Фронк Волтер Иштонмойер, вазири хориҷаи Олмон, баъд аз музокирот бо ҳамтоёни рус, укройнӣ ва фаронсавиаш дар Берлин ин суханонро гуфт.
Музокирот дар бораи роҳҳои костан аз буҳрони инсонӣ дар шарқи Укройн ва барқарории оташбас дар ин минтақа буд.
Артиши Укройн дар ду ҳафтаи гузашта ҳамалоти худ ба шибҳнизомиён дар шарқи ин кишварро афзоиш дода, то битавонад ду шаҳреро, ки дар дасти онҳост, бозпас бигирад.
Дар тозатарин таҳаввул Укройн эълом кард, ки нерӯҳояш тавонистанд ба шаҳри Луҳонск, ки дар дасти ҷудоиталабон аст, ворид шаванд.
Сухангӯйи шӯрои миллии Укройн гуфт баъд аз моҳҳо парчами Укройн бар фарози як истгоҳи пулис дар ин шаҳр афрошта шуд.
Артиши Укройн ҳамчунин эълом кард, ки як ҷангандаи ин кишвар тавассути шибҳнизомиён мавриди ҳадаф қарор гирифт, аммо халабон тавонист бо истифода аз чатри наҷот аз ин воқеъа ҷон ба дар бибарад.
Пешгирӣ
Вазири хориҷаи Олмон гуфт, ки натоиҷи ин музокирот ба гӯши раҳбарони кишварҳо мерасад ва эҳтимолан дар рӯзҳои душанбе ё сешанбеи ҳамин ҳафта музокирот аз сар гирифта мешавад.
Оқои Иштойнмойtр ба хабарнигорон гуфт, ки ҳадаф аз ин музокирот барқарории сулҳ дар Укройн ва костан аз шумори қурбониёни эҳтимолӣ дар оянда аст.
Ӯ музокиротро "сахт" тавсиф кард ва гуфт дар мавориде ба тавофуқ даст пайдо карданд.
Ӯ ҳудуди чаҳор моҳ пеш, ки дар шарқи Укройн тарафдорони пайвастан ба Русия шурӯъ ба мубориза алайҳи давлати марказӣ карданд, нерӯҳои артиш ба тарафи шаҳрҳои Луҳонск ва Дунетск гусел шуданд, ки ҳосили он кушта шудани беш аз ду ҳазор нафар аз мардуми низомӣ ва ғайринизомӣ аст.
Ҳамчунин рӯзи якшанбе хабар расид корвоне аз комюнҳои Русия, ки шомили ду ҳазор тун кумак барои мардуми шарқи Укройн аст, ба минтақаи марзӣ расида, ки таҳти кунтрули ҷудоиталабон аст.
Аммо ба назар мерасад феълан бино нест, ки ин комюнҳо аз марз рад шаванд. Барои ин ки Салиби Сурх, ки нозир ба ирсоли ин кумакҳост, аз амнияти минтақа мутмаъин шавад, то иҷозаи тараддуди комюнҳоро содир кунад.
Аз тарафи дигар давлати Укройн, ки нигарон аст Русия аз ин тариқ бихоҳад ба шибҳнизомиён кумаки таслиҳотӣ бикунад, гуфта ҳамаи кумакҳо бояд аз тариқи марзҳое вориди Укройн шаванд, ки зери назари давлати марказӣ аст.
Русия чунин иддаъоҳоеро рад кардааст.
