Даргирии хиёбонӣ дар шарқи Укройн миёни артиш ва шӯришиёни ҷудоиталаб
Image copyrightukraineМақомоти артиш мегӯянд онҳо дастикам як маҳалларо дар ин шаҳр аз дасти ҷудоиталабон пас гирифтаанд, вале то баҳол манбаъи мустақили дигаре ин хабарро таъйид накардааст.
Як хабарнигори Би-би-сӣ мегӯяд агар ин хабар дуруст бошад, ба маънои пешрафт дар талошҳои 4 моҳаи давлат барои шикасти шӯришиён аст.
Ин дар ҳоле аст ки буҳрони инсонӣ дар шарқи Укройн дар ҳоли авҷгирӣ аст. Гуфта мешавад ҳудуди 250 ҳазор нафар бидуни обу барқ мондаанд ва таъмини маводи ғизоӣ ва дору бисёр кунд анҷом мешавад.
Даргирӣ дар шарқи Укройн аз таҳқиқот дар мавриди ҳамлаи рӯзи душанбе ба як корвони оворагон дар маҳали ҳодиса ҷилавгирӣ кардааст, ҷое ки понздаҳ ҷасад дар он ҷо пайдо шуд.
Давлати Укройн дар бораи ин ҳодиса як видию мунташир карда, ки дар он марде мегӯяд, модарзанаш билофосила кушта шуда ва духтараш то ҳади марг хунрезӣ кардааст.
Фарди дигаре мегӯяд худраве мавриди исобат қарор гирифт, парчами сафед барафрошта буд.
Худрави ҳомили оворагон бо оташи гулӯла ва мушаки Град мавриди ҳадаф қарор гирифт.
Артиши Укройн шӯришиёнро ба анҷоми ин ҳамла муттаҳам мекунад, вале онҳо мегӯянд кори онҳо набадааст.
Жузе Монуил Борусу, раиси Кумиссиюни Урупо дар як тамоси телефунӣ бо Петру Пурушенку, раиси ҷумҳурии Укройн аз вуқуъи ин ҳодиса ибрози таассуф кард.
Ҷанги дохилии миёни ҳаводорони ҷудоиталаби Русия ва давлати марказӣ аз моҳи апрели гузашта баъд аз барканории Виктор Янукович, раиси ҷумҳурии мавриди ҳимояти Русия оғоз шуд.
Баъд аз пайвастани шибҳҷазираи Кириме ба Русия шибҳнизомиёни ҳаводори Русия дар манотиқи шарқии Укройн бо ҳамла ба сохтмонҳои давлатӣ шаҳрҳои ин минтақаро дар кунтрули худ гирифтанд.
Артиши Укройн дар ҳоли ҳозир машғули бозпас гирифтани ин шаҳрҳо аст.
Аз замони оғози даргириҳо дар шарқи Укройн ҳудуди 1500 нафар кушта шудаанд.
