Порлумони Укройн мунҳал шуд
Image copyrightEPAПетру Пурушенку, раиси ҷумҳурии Укройн, порлумони ин кишварро мунҳал карда ва хоҳони баргузории интихоботи зудҳангом дар бисту шашуми октябр, ду моҳи дигар, шудааст.
Оқои Пурушенку дар як суханронии телевизиюнӣ гуфт бисёре аз намояндагони кунунии порлумон аз ҳаводорони Виктур Ёнукович, раиси ҷумҳурии барканоршудаи Укройн, ҳастанд ва аксари мардум хоҳони ташкили як маҷлиси ҷадид ҳастанд.
Ин фармон дар ҳоле содир шуд, ки даргириии миёни низомиёни укройнӣ ва ҷудоиталаби ҳаводори Русия афзоиш ёфта ва артиши Укройн аз заду хурд бо як сутун аз худравҳои зиреҳии Русия хабар додааст.
Оқои Пурушенку дар суханронии телевизиюнии душанбешаби худ инҳилоли порлумонро қонунӣ донист.
Ба гуфтаи ӯ Қонуни асосии Укройн баргузории интихоботи зудҳангомро дар сурати ташкил нашудани давлат дар як фурсати сирӯза муҷоз донистааст.
Давлати эътилофии Укройн дар бисту чаҳоруми июн суқут карад буд
Ба гуфтаи оқои Пурушенку порлумони кунунӣ мероси давраи раёсати ҷумҳурии оқои Ёнукович аст, ки дар моҳи феврал аз қудрат барканор шуд
Ташидди даргириҳо
Артиши Укройн душанбе дар баёнияе эълом кард, ки сарбозонаш бо сутуне аз худравҳои зиреҳӣ даргир шудаанд.
Бар асоси баёнияи артиши Укройн, ин худравҳои зиреҳӣ аз хоки Русия вориди Укройн шуда буд.
Бар ин асос ин сутун шомили ду тонк ва даҳ нафарбари зиреҳӣ буд, ки пас аз убур аз марз ба самти бандари Мориупул дар ҷануби шарқии Укройн дар ҳаракат буд.
Артиши Укройн мегӯяд сарбозонаш бо инҳидоми ду тонк роҳи убури ин сутуни зиреҳиро бастанд.
Русия мегӯяд ин сутуни низомӣ ба ин кишвар таъаллуқ надорад ва марбут ба ҷудоиталабон будааст.
Сергей Лавров, вазири умури хориҷа Русия, бо эъломи беиттилоъӣ аз буурзи ин даргирӣ аз иттилоърасонии ғайривоқеъӣ дар Укройн интиқод кард.
Укройн Русияро ба таҷҳиз ва ҳимояти ҷудоиталабон дар манотиқи шарқии ин кишвар муттаҳам мекунад.
Оқои Пурушенку қарор аст сешанбе дар Минск дар як нишасти муштарак бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ва намояндагони Иттиҳодияи Урупо ширкат кунад.
