Музокироти мустақими раҳбарони Русия ва Укройн оғоз шуд

  • 27 Август, 2014
Image copyrightAFP
Image caption Ин нахустин музокироти рӯ дар рӯи миёни оқоён Путин ва Пурушенку дар бораи буҳрони Укройн аст

Владимир Путин ва Петру Пурушенку, руасои ҷумҳури Русия ва Укройн, дидор карданд, то дар мавриди чигунагии ҳалли буҳрон дар шарқи Укройн гуфтугӯ кунанд.

Ин нахустин дидори мустақими ду раҳбар барои гуфтугӯ дар бораи буҳрони Укройн аст, ки рӯзи сешанбеи 26 август дар шаҳри Минск, пойтахти Белорус, баргузор шуд.

Оқои Пурушенку, раиси ҷумҳури Укройн гуфта дар ин музокирот "нақшаи роҳ" барои поён бахшидани ҳарчи сареътар ба даргириҳо миёни ҷудоиталабон ва нерӯҳои артиши Укройн тарсим хоҳад шуд

Владимир Путин , раиси ҷумҳурии Русия ҳам гуфта Маскав дар ин замина ҳамкорӣ хоҳад кард, аммо ба поён расидани даргириҳо дар шарқи Укройн як мавзӯъи дохилии ин кишвар аст, ки Киев худ бояд онро ҳал кунад.

Ду раиси ҷумҳур пеш аз гуфтугӯ дар ҷаласае бо ҳузури Котрин Аштун, раиси сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Урупо, ширкат карданд, ки барои ифтитоҳи ин гуфтугӯҳо ба Минск сафар кардаст.

Пас аз он оқоён Пурушенку ва Путин ба муддати ду соъат пушти дарҳои баста гуфтугӯ карданд.

Аввалин даври гуфтугӯи мустақим миёни раҳбарони ду кишвар дар ҳоле сурат мегирад, ки Укройн иддаъо мекунад ба як сутуни зиреҳӣ аз низомиёни рус, ки вориди хоки ин кишвар шуда буданд, ҳамла карда ва теъдоде аз сарбозони артиши Русияро ҳам боздошт кардааст.

Аммо Русия мегӯяд гурӯҳе аз персунели низомии он кишвар, ки дар шарқи Укройн боздошт шудаанд, иштибоҳан аз марзи байни ду кишвар убур карда буданд.

Укройн рӯзи душанбе хабар дод 10 чатрбози русро боздошт кардааст.

Вазорати дифоъи Укройн видиюе аз гуфтугӯ бо ин сарбозон мунташир карда, ки дар яке аз онҳо чатрбози рус нақли қавл шуда, ки "ин ҷанг ҷанги мо нест."

Аз замони оғози даргириҳо дар шарқи Укройн ҳудуди 2000 нафар кушта шудаанд.

Киев мегӯяд Маскав ҷудоиталабонро таҷҳиз ва дар мавориде кумаки мустақими низомӣ мекунад; иддаъое, ки Кремлин борҳо онро рад кардааст.

Танишҳо байни Укройн ва Русия замоне ташдид шуд, ки ҷудоиталабони тарафдори Русия нимҷазираи Кримеро мустақил эълом карданд ва баъд аз илҳоқи Криме ба хоки Русия ду минтақаи Луҳонск ва Дунетск дар шарқи Укройн ҳам эъломи худмухторӣ карданд.

Матолиби муртабит