Ҷанги шадид дар ҷануби шарқии Укройн

  • 28 Август, 2014
Image copyrightAP
Image caption Дар ҷануби шарқии Укройн ҷангҳои сангине бо ҷудоиталабони тарафдори Русия даргирифтааст

Дар ҷануби шарқии Укройн ҷангҳои сангине дар як ҷабҳаи васеъи миёни артиш ва ҷудоиталабони тарафдори Русия, ки бинобар гузоришҳо кунтрули шаҳри соҳилии Нувуазуфск (Новоазовск)-ро дар даст доштаанд, даргирифтааст.

Ин шаҳр байни марзи Русия ва бандари калидии Мориупул қарор дорад.

Ин аввалин ҷанги қобили муолҳиза дар навори соҳилии Укроойн баъд аз чандин моҳ аст.

Филмҳои видиюии мунташиршуда нишон медиҳанд, ки дар ҳамлаи шӯришиён теъдоде тонк ҳам ба кор бурда шудааст.

Мақомоти амниятии Укройн гуфтаанд, ки рустоҳои атрофи Нувуазуфск зери оташбори шадид қарор гирифтаанд.

Ҷанг ҳамчунин дар шимоли Укройн, дар минтақаи Луҳонск ва Дунетск идома дорад.

Давлати Укройн мегӯяд, ки Русия ба ҷудоиталабон кумаки таслиҳотӣ ва низомӣ медиҳад, аммо Русия ин иттиҳомро такзиб мекунад.

Ҷанги сангин дар ҷануби шарқи Укройн танҳо як рӯз баъд аз тавофуқи руасои ҷумҳури ду кишвар дар Белорус барои расидан ба оташбас сурат мегирад.

Владимир Путин ва Петру Пурушенку баъд аз музокироти дусоъатаи рӯзи сешанбе ибрози умедворӣ карда буданд, ки дар шарқи Укройн базудӣ оташбас иҷро шавад.

Матолиби муртабит