Таъкиди Омрико ва Олмон бар ташдиди таҳримҳои Русия

  • 29 Август, 2014
Image copyrightc
Image caption Русия хабари эъзоми нерӯ ба дохили хоки Укройнро такзиб кардааст

Дар пайи интишори ин хабар, ки нерӯҳои Русия вориди хоки Укройн шудаанд, Кохи Сафед бо судури баёнияе эълом кардааст, ки Борок Убомо ва Онгело Меркел, раҳбарони Омрико ва Олмон тайи як тамоси телефунӣ бар ташдиди таҳримҳои Ғарб алайҳи Маскав таъкид кардаанд.

Созмони Паймони Отлонтики Шимолӣ (Ноту) бо интишори тасовири моҳвораӣ эълом кардааст, ки нерӯҳои низомии Русия ба дохили хоки Укройн ворид шудаанд, то аз шибҳнизомиёни ҷудоиталаби укройнӣ ҳимоят кунанд. Русия ин иттиҳомро беасос донистааст.

Аммо Борок Убомо рӯзи панҷшанбе давлати Русияро масъули хушунатҳо дар шарқи Укройн донист ва ҳушдор дод, ки сиёсати Кремлин, Русияро ба таври физоянда дар арзаи байналмилалӣ мунзавӣ хоҳад кард.

Ӯ гуфт, ки Русия аз ҷудоиталабони шарқи Укройн ҳимояти низомӣ ва молӣ мекунад ва ба онҳо омӯзиши низомӣ додааст.

Раиси ҷумҳурии Омрико дар айни ҳол дахолати низомии Ғарб барои поён додан ба буҳрони Укройнро рад кард.

Ӯ гуфт: "Мо даст ба иқдоми низомӣ намезанем, ки мушкили Укройнро ҳаллу фасл кунем. Коре, ки мо мекунем басиҷ кардани ҷомеъаи байналмилалӣ аст, то бар Русия фишор ворид кунад. Ба назари ман бисёр муҳим аст, ки мутваҷҷеҳ бошем як роҳи ҳалли низомӣ дар ин хусус иттихоз нахоҳад шуд."

Оқои Убомо афзуд: "Дар натиҷаи таҳримҳое, ки мо кишварҳои урупоӣ ва ҳампаймонони ҷаҳонӣ аммо возеҳ кардем, Русия беш аз ҳар замоне баъд аз ҷанги сард мунзавӣ шудааст. Сармоя аз ин кишвар фирор мекунад. Сармоягузорон канор мекашанд ва иқтисодаш дар ҳоли суқут аст. Иқдомоти мудовими Русия дар Укройн бештар барои худаш табаъот хоҳад дошт."

Рӯзи панҷшанбе Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид барои баррасии буҳрони Укройн як нишасти изтирорӣ баргузор кард.

"Ишғоли хоки Укройн"

Аз сӯйи дигар, Петру Пурушенку, раиси ҷумҳурии Укройн, низ бо эъломи лағви сафари худ ба Туркия ба далели авзоъи буҳронии кишвараш, ҷаласаи изтирорӣ ташкил дода ва гуфта, ки бахше аз хоки Укройн ба ишғоли нерӯҳои русӣ даромадааст.Дар тӯли 4 моҳи даргириҳо дар ин минтақа дастикам 2119 нафар кушта шудаанд.

Пештар шӯрои умури амниятӣ ва дифоъии Укройн эълом карда буд, ки воҳидҳои артиши Русия дар ҳимоят аз шибҳнизомиёни ҷудоиталаби укройнӣ шаҳри марзии Нувуозуфск ва манотиқе дар шарқи ин кишварро ишғол кардаанд.

Дар иттилоъияи ин шӯро омада буд, ки ин шаҳр дар ҷараёни зидди ҳамлаи муштараки нерӯҳои ҷудоиталаб ва воҳидҳои артиши Русия барои ҷилавгирӣ аз пешравии нерӯҳои давлатӣ дар манотиқи таҳти тасарруфи ҷудоиталабон суқут карда ва амалиёти муштараки Русия ва муттаҳидони он дар минтақа идома дорад.

Орсений Ётсенюк, нахзуствазири Укройн, аз Иёлоти Муттаҳида, Иттиҳодияи Урупо ва кишварҳои узви Гурӯҳи 7 хостааст "то замоне ки Русия низомиён, таҷҳизоти низомӣ ва авомили худро аз Укройн хориҷ накарда, дороиҳо ва эътибороти молии он кишварро масдуд кунанд."

Ӯ гуфт: "Мудохилаи низомии Русия ва ишғоли хоки Укройн инак як воқеъияти айнӣ аст."

Хабари ишғоли хоки Укройн тавассути низомиёни Русия танҳо ду рӯз пас аз мулоқоти руасои ҷумҳурии Укройн ва Русия дар пойтахти Белорус мунташир мешавад. Интизор мерафт он дидор таниши байни ду кишварро коҳиш диҳад ва заминаи пойн додан ба буҳрони дохилии Укройнро фароҳам кунад.

Дар рӯзҳои ахир мақомоти давлатии Укройн нисбат ба афзоиши мудохилаи низомии Русия дар ҷанги дохилии ин кишвар ибрози нигаронӣ карда ва гуфта буданд, ки бо пешравии нерӯҳои давлатӣ дар бозпасгирии манотиқи шарқии ин кишвар аз шибҳнизомиёни ҷудоиталаб, Русия ба ирсоли таҷҳизоти пешрафта ва эъзоми нерӯ барои мутаваққиф кардани воҳидҳои артиши Укройн мубодират кардааст.

Матолиби муртабит