12 корномаи Владимир Путин

  • 8 Октябр, 2014

Дар асотири Юнон аз 12 корномаи Ҳеракл, писари Зевс, аз ҷумла, куштани шери Ниман ва мори чандсар қисса мешавад.

Аммо дар намоишгоҳи мусаввараҳои муъосири Русия, ки дар иртибот ба зодрӯзи Владимир Путин, раиси ҷумҳурии ин кишвар дар шаҳри Маскав баргузор шудааст, дар мавриди 12 корномаи оқои Путин ривоят мекунад.

Image copyrightBBC World Service

Муқобала ва саркӯб шудани террурисм, нерӯи аҳриманӣ аз ҷумлаи корномаҳои Владимир Путин унвон шудааст.

Image copyrightBBC World Service

Оқои Путин алайҳи мори чандсар, таҳримҳои Омрико, Жопун, Конодо ва Иттиҳодияи Урупо вориди набард шудааст.

Image copyrightBBC World Service

Дар ин мусаввара Владимир Путин ба ҳайси ҳомии сулҳ тасвир шудааст, ки тавонистааст бо истифода аз ҳаққи вету дар раъйгирии Шӯрои Амнияти СММ аз таҳоҷуми кишварҳои Ғарб ба Сурия ҷилавгирӣ кунад.

Image copyrightBBC World Service

Набарди сангини оқои Путин бо аспҳои фасод.

Image copyrightBBC World Service

Владимир Путин-қаҳрамони Бозиҳои Зимистонаи Улампик дар Сочӣ дар соли 2014.

Image copyrightBBC World Service

Раиси ҷумҳурии Русия сармоядорони бузург ё олигархҳои ин кишварро саркӯб мекунад. Ӯ дар соли 2000 ваъда дода буд, ки олигархҳоро ҳамчун қишри ҷомеъа аз миён хоҳад бурд.

Image copyrightBBC World Service

Оқои Путин савори барзагови Криме, рамзи ишғоли Криме тавассути Русия дар моҳи марти соли ҷорӣ.

Image copyrightBBC World Service

Қарордоди киштии "Мистрал" бо Фаронса, ки ҳазинааш 1,2 милёрд дулор аст. Дар пайи ҳимояти Русия аз ҷудоталабон дар шарқи Укройн ва суқути ҳавопаймои мусофирбари Молезӣ тавассути ҷудоиталабони тарафдори Русия, Фаронса дар амри таҳвили ин киштӣ ба Русия зери фишори шадиди байналмилалӣ қарор гирифтаст.

Image copyrightBBC World Service

Хатти лӯлаи гози "Ҷараёни Ҷанубӣ" аз авомили фишори диплумотики Русия алайҳи кишварҳои Урупо маҳсуб мешавад. Аз тариқи ин лӯла бештари кишварҳои Урупо бо гоз таъмин хоҳанд шуд.

Image copyrightBBC World Service

Дар моҳи майи соли ҷорӣ миёни Русия ва Чин қарордоде дар бораи интиқоли гози ин кишвар ба Чин имзо шуд, ки ҳазинааш 400 милиёрд дулор аст. Ин амр аз корномаҳои Владимир Путин маҳсуб мешавад.

Image copyrightBBC World Service

Дар пайи пуштибонии Владимир Путин аз раванди сулҳ дар Укройн ӯ ҳамчун ҳомии сулҳ талаққӣ шудааст.

Image copyrightBBC World Service

Корномаи ниҳоии оқои Путин ин мубориза бо рақиби сарсахташ Иёлоти Муттаҳидаи Омрико аст. Раиси ҷумҳурии Русия на таҳо аз маҳбубияти 80 дарсадии ҷамъияти ин кишвар бархӯрдор аст, ӯ дар кишварҳои Ғарб аз сиёсатмадорони маъруф маҳсуб мешавад.