Русия дастури ақибнишинии сарбозон аз марзи Укройнро содир кард

  • 12 Октябр, 2014
Image copyrightBBC World Service

Расонаҳои Русия гузориш додаанд, ки Владимир Путин, раиси ҷумҳур дастури ақабнишинии сарбозони русӣ аз манотиқи марзии Русия ва Укройнро содир кардааст.

Як сухангӯи раиси ҷумҳурии Русия гуфтааст, ки ҳудуди 17600 сарбоз, ки дар ҳоли анҷоми тамриноти низомӣ дар минтақаи Рустуф ҳастанд, ба подгоҳҳои худ боз хоҳанд гашт.

Русия дар гузашта ақабнишинии нерӯҳои худ аз манотиқи марзиро эълом карда буд, вале давлати Омрико мегӯяд, ин ақабнишиниҳо ҳеҷ вақт амалӣ нашуданд.

Инак, дастури раиси ҷумҳурии Русия барои ақабнишинии сарбозони худ аз марзи Укройн чанд рӯз қабл аз мулоқоти руасои ду кишвар содир шудааст.

Қарор аст оқои Путин рӯзи ҷумъа бо Петру Пурушенку, ҳамтои укройнии худ дар Итолиё дидор ва гуфтугӯ кунад.

Русия иттиҳомоти ирсоли нерӯ ва таслиҳоти низомӣ ба шӯришиёни ҷудоиталаб дар шарқи Укройнро ҳамвора рад кардааст.

Бо ин ҳол аз моҳи апрел то кунун миёни артиши Укройн ва шӯришиёни рустабор даргириҳои мутаъаддиде дар манотиқи Дунетск ва Луҳонск иттифоқ афтодааст.

Дунетск ва Луҳонск ду устони шарқӣ ҳастанд, ки ҷанги дохилии тақрибан шашмоҳа дар онҳо ба марги беш аз 3500 нафар анҷомидааст.

Бо ин ки давлати Укройн ва шӯришиёни рустабор расман рӯзи панҷуми сентябр беш аз панҷ ҳафта пеш эъломи оташбас карданд, даргириҳо дар ин муддат идома доштааст; ба хусус дар Дунетск, ки кунтрули фурудгоҳ барои ҳар ду тараф дорои аҳамияти вижа будааст.

Оқои Пурушенку гуфтааст интизор надорад музокирот бо Русия "осон" бошад, аммо умедвор аст, ки ихтилофоти ду кишвар бар сари гози содиротии Русия ба Укройн рафъ шаванд.

Русия дар моҳи июни гузашта содироти гозро ба далели пардохт нашудани бидеҳиҳои пешини Укройн қатъ кард.

Дар сурати рафъ нашудани ихтилофот Укройн дар моҳҳои зимистон бо камбуди шадиди гоз мувоҷеҳ хоҳад шуд.

Матолиби муртабит