Тамрини низомии нерӯҳои ғарбӣ дар ғарби Укройн

  • 15 Сентябр, 2014
Image copyrightreuter
Image caption Нозирон эҳтимоли инро, ки тамрини низомии Ноту дар ғарби Укройн аз таниш дар шарқи он кишвар бикоҳад, кам мебинанд

Омрико ва чаҳордаҳ кишвари дигар тамринҳои низомии ёздаҳрӯзаеро дар ғарби Укройн оғоз кардаанд. Артиши Омрико гуфта ин амалиёт пеш аз шурӯъи буҳрони Укройн барномарезӣ шуда буд.

Вале эҳтимоли ин ки ҳузури 1300 сарбоз, ки бештари онҳо аз кишварҳои узви Ноту ҳастанд, таниш дар шарқи Укройнро, ҷое ки даргириҳо алорағми тавофуқ барои оташбас идома дорад, коҳиш диҳад, бисёр кам аст.

Ноту мегӯяд Русия то ба ҳол ҳудуди 1000 нерӯи низомӣ бо таҷҳизоти сангин ба шарқи Укройн фиристода ва ҳудуди 20 ҳазор сарбоз дар наздикии марз бо он кишвар мустақар кардааст.

Вале Русия эъзоми нерӯ ба Укройнро рад мекунад ва мегӯяд сарбозони русӣ дар Укройн довталаб ҳастанд.

Қаблан эълом шуда буд, ки кишварҳои узви Ноту кумакҳое ба артиши Укройн дар мубориза бо ҷудоиталабони тарафдори Русия фиристодаанд, вале номи ин кишварҳо ва ҷузъиёти нерӯҳо ва силоҳҳо мунташир нашуда буд.

Созмони Ноту эълом карда кумакҳои таслиҳотии маргбор ба кишварҳои ғайриузв намефиристад, вале кишварҳои узви он метавонанд ин корро ба сурати мунфарид анҷом диҳанд.

Орсений Ётсенюк, нахуствазири Укройн, ҳам эълом карда Ноту "танҳо василае" аст, ки метавонад кишварашро дар муқобили Русия муҳофизат кунад. Укройн ва кишварҳои ғарбӣ Русияро ба дахолат дар шарқи Укройн муттаҳам мекунанд.

Русия ин иттиҳомро, ки нерӯҳои низомӣ барои кумак ба ҷудоиталабонро, ки дар шарқи Укройн дар манотиқи Дунетск ва Луҳонск аз моҳи апрел то кунун бо нерӯҳои давлатӣ меҷанганд, рад мекунад.

Алорағми бурузи хушунатҳои хунбори атрофи манотиқи калидӣ монанди фурудгоҳи Дунетск,аз рӯзи 5 сентябр 10 рӯз пеш як оташбаси шикананда дар шарқи Укройн тавофуқ шудааст.

Ҷудоиталабони тарафдори Русия дар Дунетск мегӯянд бо вуҷуди тавофуқ барои оташбас талафоти ғайринизомиҳо дар шаҳр зиёд будааст.

Дастикам 2600 нафар аз оғози даргириҳо кушта ва даҳҳо ҳазор нафар овора шудаанд.

Матолиби муртабит