Буҳрони Укройн: Шӯришиён "1200 зиндониро озод карданд"
Image copyrightGettyПетру Пурушенку, раиси ҷумҳури Укройн гуфтааст, шӯришиёни тарафдори Русия дар Укройн 1200 нафар зиндониро озод кардаанд.
Ӯ гуфтааст озодии ин зиндониён ба дунболи тавофуқ дар бораи оташбасе, ки рӯзи ҷумъа ҳосил шуд ва шомили табодули зиндониён низ мешавад, сурат гирифтааст.
Ӯ ин суханонро ба ҳангоми сафар ба шаҳри истротижики Мориупул воқеъ дар ҷануби шарқи Укройн баён доштааст. Шаҳри Мориупул тайи рӯзҳои охир ҳадафи оташбории шӯришиёни тарафдори Русия қарор гирифта буд.
Оқои Пурушенку расидани худ ба шаҳри Мориупулро бо паёме дар Твитер хабар дод. Ӯ навишт: "Мориупул Укройн аст. Мо ин хокро таслими касе намекунем."
Пеш аз тавофуқи оташбас ҷудоиталабони тарафдори Русия дар шарқи Укройн пешравиҳои зиёде карданд ва баъше аз минтақаи хориҷ аз Мориупулро тасарруф карданд.
Бо ин ҳол сарфи назар аз тирандозиҳои пароканда ба назар мерасад оташбас идома дорад.
Даргириҳо дар Укройн аз моҳи апрел ба ин су ҳудуди 2600 нафар кушта бар ҷой гузоштааст.
