Фаронса ба Русия нови ҷангӣ намедиҳад

  • 4 Сентябр, 2014
Image copyrightGetty
Image caption Дафтари раиси ҷумҳури Фаронса дар Кохи Элизе тасмими ҷадиди ин кишварро эълом карда

Фаронса гуфтааст дар ҳоли ҳозир шароит барои таҳвили нови дарёӣ ба Русия "муносиб нест."

Дафтари Фронсуо Улонд, раиси ҷумҳури Фаронса, иқдомоти ахири Русия дар Укройнро дар ин тасмимигирӣ дахил хондааст.

Қарор буд Фаронса ду нови ҷангии "Мистрол" ба Русия бидиҳад ва акнун эълом карда, ки аввалини онро таҳвил нахоҳад дод.

Фаронса то имрӯз дар муқобили эъмоли фишорҳо барои мутаваққиф кардани таҳвили ду нови ҷангӣ ба Русия муқовимат карда буд.

Хабарнигорон мегӯянд Иттиҳодияи Урупо барои сахт кардани таҳримҳо алайҳи Русия бо мушкил мувоҷеҳ буда ва ба ҳамин далел кишварҳои узви ин иттиҳодияро ба мамнӯъияти сафар барои афрод ва масдуд кардани дороии онҳо маҳдуд кардааст.

Матолиби муртабит