Сенотурҳои омрикоӣ: Ба Укройн аслиҳа бидиҳед

  • 1 Сентябр, 2014
Image copyrightAFP
Image caption Укройн ва чанд кишари Ғарб Русияро дар иртибот бо пешравиҳои ахири ҷудоиталабон сарзаниш мекунанд

Чанд нафар аз сенотурҳои барҷастаи кунгреи Омрико аз Кохи Сафед хостаанд бо ирсоли аслиҳа ба Укройн дар набард бо ҷудоиталабон дар шарқ ва он чи онҳо "ишғоли низомии Русия" хондаанд, кумак кунад.

Роберт Менендез, раиси кумиссиюни умури хориҷаи сенои Омрико, рӯзи якшанбеи 31 август гуфт Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия, бояд бо авоқиби ин "таҷовуз" рӯ ба рӯ шавад.

Оқои Менендез, ки имрӯз бо шабакаи Си-эн-эни Омрико гуфтугӯ мекард, гуфт: "Мо бояд таслиҳоти дифоъӣ ба давлати Укройн бидиҳем, то онҳо ба василаи ин аслиҳаҳо ба Владимир Путин нишон диҳанд баҳои таҷовуз бештар чи хоҳад буд."

"Ин дигар мавзӯъе муртабит бо ҷудоиталабон нест, ин як ишғоли низомӣ аст ва мо бояд аз он таҳти унвони ишғоли низомӣ ёд кунем."

Ҷон Маккейн, сенотури барҷастаи кунгреи ин кишвар, ҳам гуфта нақши Русия дар шарқи Укройн "як таъарруз нест, балки ишғоли низомӣ" аст.

Оқои Маккейн, ки рӯзи якшанбе дар як гуфтугӯи телевизиюнӣ бо шабакаи Си-би-эс ширкат карда буд, гуфт: "Владимир Путин як сарҳанги собиқи КГБ аст ва мехоҳад дубора имперотурии Русияро барпо кунад.

Ин ҷумҳурихоҳи куҳнакор ва номзади собиқи раёсати ҷумҳурии Омрико ҳамчунин дар суханони худ хостори кумаки таслиҳотии Омрико ба давлати Укройн шуда ва гуфт "аслиҳаҳоеро, ки ниёз доранд, ба онҳо бидиҳед. Таслиҳотеро, ки эҳтиёҷ доранд, ба онҳо бирасонед. Бигзоред барои ҷангидан тавонманд шаванд."

Дар ҳамин ҳол, раиси ҷумҳурии Русия хостори оғози фаврии музокирот бар сари сохтори сиёсии шарқи Укройн барои поён додан ба муноқиша дар ин манотиқ шуд.

Суханони Владимир Путин ҳикоят аз он дорад, ки давлти марказии Укройн аз сӯйи Русия таҳти фишор қарор гирифта, то ба шӯришиёни ҷудоиталаби рустабор вориди музокираи мустақим шавад.

Хабаргузории ИТАР ТАСС-и Русия ба нақл аз Владимир Путин гуфтааст "пешбинӣ дар бораи поёни ин буҳрон ғайримумкин аст ва бастагии зиёде ба иродаи сиёсии мақомоти Укройн дорад."

Владимир Путин ҳамчунин гуфтааст Русия наметавонад каноре бинишинад ва шоҳиди кушта шудани мардуме бошад, ки аз наздик ҳадафи гулӯла қарор мегирад.

Раиси ҷумҳурии Русия таҳдиди Иттҳодияи Урупо ба вазъи таҳримҳои ҷадид алайҳи Русияро низ рад карда ва гуфтааст Иттиҳодияи Урупо "аз кудето дар Укройн" ҳимоят мекунад.

Нахустин рӯёрӯии дарёӣ

Ҳамзамон бо боло гирифтани таниш миёни Вошингтун ва Маскав, аз Киев хабар мерасад, ки рӯзи якшанбе нахустин даргирӣ миёни низомиёни Укройн ва ҷудоиталабон даргирифтааст.

Он тавр, ки гузориш шуда шибҳнизомиён як киштии гашти соҳилии Укройнро ҳадаф қарор додаанд.

Дар ҳамин ҳол, гузориш шуда шӯришиён бо пешравӣ ба самти ҷануби шарқӣ ба сӯйи Мориупул ҳаракат мекунанд, ҷое ки нерӯҳои давлатӣ ва бахше аз мардум барои муқобила бо онҳо сангарбандӣ кардаанд, аммо гузориш шуда, ки бисёре аз сокинони ин шаҳри 500-ҳазорнафарӣ аз бими даргириҳо ба атроф гурехтаанд.

Давлати Укройн ва чанд кишвари ғарбӣ Русияро дар иртибот бо пешравиҳои ахири ҷудоиталабон сарзаниш мекунанд ва мегӯянд Кремлин "пушти ин қазия аст".

Ноту батозагӣ тасовиреро мунташир карда, ки ба гуфтаи ин созмон сарбозони русиро дар хоки Укройн нишон медиҳад.

Ноту мегӯяд беш аз 1000 сарбози Русия дар амалиёти низомӣ дар хоки Укройн ширкат доранд. Русия эъзоми нерӯҳои худ ба Укройнро рад мекунад.

Аз замони оғози даргириҳо дар шарқу ҷануби Укройн ҳудуди 2600 нафар кушта шудаанд ва ҳазорон нафар аз шаҳрвандони ин манотиқ овора шудаанд.

Матолиби муртабит