Убомо бар ҳимоят аз ҳамсоягони Русия дар баробари 'таҷовузи' эҳтимолӣ таъкид мениҳад

  • 3 Сентябр, 2014
Image copyrightGetty
Image caption Ҳадафи Убомо аз сафар ба минтақа ибрози ҳимоят аз аъзои кучаки Ноту дар баробари таҷовузи хориҷӣ аст

Омрико аз кишварҳои узви Паймони Отлонтики Шимолӣ, Ноту, дар ҳавзаи Болтик дар баробари таҷовузи эҳтимолии Русия ҳимоят хоҳад кард.

Субҳи рӯзи чаҳоршанбеи 3 сентябр Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, барои дидор бо мақомоти аршади се кишвари узви Ноту дар ҳавзаи дарёи Болтик вориди Толин, пойтахти ҷумҳурии Эстунӣ, шуд.

Раиси ҷумҳури Омрико дар сафар ба ҳавзаи Болтик бо Тумос Ҳендрик Илвес, Долио Грибускойт ва Ондрис Берзин, раисони ҷумҳуриҳои Эстунӣ, Латунӣ ва Литвонӣ дидор хоҳад кард. Сухангӯйи Кохи Сафед гуфтааст, ки оқои Убомо ба раҳбарони ин се кишвар хоҳад гуфт, ки "пазируфтанӣ нест, ки кишварҳои бузург ошкоро ба тамомияти арзӣ ва истиқлоли ҳамсоягони кучаки худ таҷовуз кунанд."

Эстунӣ ва Литунӣ монанди Укройн, ҳамсояи Русия ва ҳампроҳ бо Литвонӣ аз ҷумҳуриҳои ташкилдиҳандаи Иттиҳоди Шӯравии собиқ ҳастанд ва дар онҳо ақаллияти қобили таваҷҷуҳе аз русзабонон зиндагӣ мекунанд. Укройн низ дорои ҷамъияти қобили таваҷҷуҳи русзабон аст, аммо бар хилофи ин се кишвар узви Ноту нест.

Соли гузашта низ оқои Убомо дар дидор бо раҳбарони кишварҳои узви Ноту дар ҳавзаи Болтик ба онон итминон дод, ки таъаҳҳуди Ноту ба ҳифзи амнияти онҳо "тазалзулнопазир" аст ва бахусус бо таваҷҷуҳ ба рӯйкарди Русия нисбат ба буҳрони Укройн , сафари ҷорӣ ба манзури таъкид бар ин сиёсат ва ҳушдоре зимнӣ ба Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия, дар мавриди мудохила дар умури дохилии ин кишварҳост.

Image copyrightEPA
Image caption Илвесс аз аҳдофи Русия дар мавриди кишварҳои кучаки ҳамсоя нигарон будааст

Оқои Убомо дар дидор бо раисони ҷумҳурии ин се кишвар ва суханрониҳое, ки дар Эстунӣ хоҳад дошт ва ҳамчунин дар боздид аз нерӯҳои омрикоии мустақар дар Эстунӣ хоҳад кӯшид ба Русия тафҳим кунад, ки ин се ҷумҳурии собиқи Шӯравӣ комилан зери чатри ҳимоятии Ноту ва дар натиҷа Омрико қарор доранд ва аз онҳо дар баробари ҳар гуна таҷовузи хориҷӣ дифоъ хоҳад шуд.

Бо тавҷҷуҳ ба сиёсати минтақаӣ ва хориҷии Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия, барои ин се ҳамсояи кучаки Русия сафари оқои Убомо нишонае дилгармкунанда аз ҳифозат аз амнияти онҳо дар баробари дахолат ва ҳатто ҳамлаи низомии эҳтимолии Русия аст. Бахусус раиси ҷумҳурии Эстунӣ дар ҳафтаҳои ахир талвеҳан нигаронии худро аз хатари мудохилаи низомии хориҷӣ иброз дошта буд.

Эстунӣ, Латунӣ ва Литвонӣ (Эстония, Латвия ва Литвия) бо фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991 истиқлоли худро ба даст дароварданд ва ҳар се кишвар дар соли 2004 ба узвияти Ноту пазируфта шуданд. Ҳар се кишвар дорои ақаллиятҳои русзабон ҳастанд, ки бахусус дар ду кишвари Эстунӣ ва Латунӣ, ки бо Русия ҳаммарз ҳам ҳастанд, ба беш аз бист дарсади кулли ҷамъият мерасад.

Image copyrightReuters
Image caption Ҷудоиталабони укройнӣ хостори илҳоқ ба Русияанд

Бо таваҷҷуҳ ба ин ки тасмими порлумони Укройн дар моҳи феврал ба барканории як раиси ҷумҳури тарафдори Русия, боъиси вокуниши хасмонаи Русия, ҷудоии нимҷазираи Криме ва оғози шӯриши ҷудоиталабони тарафдори Русия ва ҷанги дохилӣ дар ин кишвар шуда, табиъист, ки соири кишварҳои дорои ақаллияти русзабон худро дар баробари сиёсати хориҷии давлати Русия осебпазир бидонанд.

Авохири ҳафта иҷлоси раҳбарони кишварҳои узви Ноту дар Бритониё баргузор хоҳад шуд ва интизор меравад тарҳи ташкили як нреӯи вокуниши сареъи чандҳазорнафарӣ барои дифоъ аз кишварҳрои урупоӣ дар баробари таҳоҷуми Русия дар ин иҷлос тасвиб шавад. Чанд рӯз пеш мақомоти Ноту тадвини ин тарҳро эълом карданд.

Дар ҳоле ки то чанд ҳафта пеш артиши Укройн дар ҳоли пешравӣ дар манотиқи таҳти ишғоли ҷудоиталабони тарафдори Русия буд, дар рӯзҳои ахир тарафи муқобил тавонистааст ин пешравиро мутаваққиф ва нерӯҳои давлатиро водор ба ақибнишинӣ кунад. Мақомоти укройнӣ гуфтаанд, ки Русия натанҳо ҳимояти таслиҳотӣ ва тадорукотӣ аз шӯришиёнро афзоиш дода, балки бо таваҷҷуҳ ба асорати теъдоде аз низомиёни русӣ дар дохили хоки Укройн, нафароти артиши он кишвар амалан дарт ҷанг алайҳи давлати Укройн ширкат доранд.

Матолиби муртабит