Русия дар вокуниш ба тасмими Ноту 'дар дуктрини низомии худ таҷдиди назар мекунад'
Image copyrightAPЯк мақоми русӣ бо интиқод аз бархӯрди Ғарб бо Русия дар ҷараёни буҳрони Укройн, аз тағйир дар дуктрини низомии кишвараш хабар додааст.
Рӯзи сешанбеи 2 сентябр, хабаргузории русии РИА Новости гузориш кард, ки Михаил Попов, муъовини раиси шӯрои амнияти миллии Русия, гуфтааст рӯйкарди кишварҳои узви паймони Ноту ба таҳаввулоти Укройн боъис шудааст давлати Русия дар садади бознигарӣ дар "дуктрини низомии" худ барояд.
Оқои Попов гуфтааст, ки "воқеъиёти зиндагӣ нишон медиҳад, ки ба суботи дӯстии бархе шуракои ғарбимон наметавон итминон кард ва ба ин далел ҳам мутаассифона шароити сиёсии бисёр сангине эҷод шудааст." Вай афзудааст, ки "зерсохтҳои низомии кишварҳои узви Ноту аз ҷумла аз тариқи пазириши аъзои ҷадид" ба марзҳои Русия наздик мешавад ва ин созмонро муттаҳам кард, ки ба таниши мавҷуди байни Русия ва Ғарб доман мезанад.
Ин мақоми рус дар мусоҳибаи РИА Новости афзудааст, ки як гурӯҳи кории вижа дар шӯрои амнияти миллии Русия ташкил шуда, то наҳваи таҷдиди назар дар дуктрини низомиро баррасӣ кунад. Ба гуфтаи ӯ ин дуктрин барои охирин бор дар соли 2010 мавриди бозбинӣ қарор гирифт. Маъмулан дуктрини низомӣ ба навъи таҷҳизот ва таслиҳоти мавриди истифодаи сонеҳаҳои мухталифи нерӯҳои мусаллаҳ ва наҳваи бакоргирӣ ва нақши ин нерӯҳо дар ҷанг ишора дорад.
Муъовини шӯрои амнияти миллии Русия изҳор дошта, ки танҳо дар шароити истиқлоли фаннии Русия дар заминаи тавлиди ҷангафзорҳои истротежик ва ғайриистротежик ва соири таҷҳизоти низомӣ имкони корбурди муассири таслиҳот вуҷуд дорад." Ба гуфтаи вай, тақвияти саноеъи низомии Русия ҳамроҳ бо "аз байн бурдани вобастагӣ ба воридоти мошинолот, маводди фановарии тавлиди аслиҳа" аз иқдомотест, ки дар чорчӯби дуктрини низомии ҷадид дунбол хоҳад шуд.
Хабаргузории РИА Новости дар гузориши худ афзудааст, ки Русия дар ҳоли ҳозир барномае ба арзиши 640 милиёрд дулорро дар дасти иҷро дорад ба наҳве, ки то соли 2020 ҳафтод дарсад таслиҳоти мавриди истифодаи артиши Русия сохти дохил бошад.
Дар идомаи ин хабар омадааст, ки таҳримҳои иқтисодии Ғарб умдатан бахши дифоъии Русияро ҳадаф қарор дода ва тасмими Укройн ба таваққуфи судури таҷҳизоти низомӣ ва абзори думанзура ба Русия ҳам аз далоили тасмим ба дунбол кардани сиёсати ҷойгузинии воридот дар бахши саноеъи низомӣ будаст. Дар моҳи июни соли ҷорӣ ва ҳамзамон бо шиддат гирифтани буҳрони Укройн, вазорати дифоъи Русия эълом крад, ки дар назар дорад то панҷ соли дигар таҷҳизоти низомии русиро ҷойгузини 95 дарсад аз таҷҳизоте кунад, ки аз Укройн ворид мешавад.
Изҳороти ин мақоми русӣ дар коҳиши вобастагӣ ба воридоти низомӣ аз Ғарб дар ҳоле интишор меёбад, ки рӯзи гузашта мақомоти паймони Ноту гуфтаанд, ки ба манзури ҳимоят аз аъзои ин созмон ҳузури низомии Ноту дар шарқи Урупо афзоиш хоҳад ёфт. Созмони Ноту бисту ҳашт узв дорад, ки теъдоде аз онҳо, аз ҷумла ҷумҳурии Чек ва Лаҳистон аз кишварҳои Урупои Шарқӣ ва аз муттаҳидони Шӯравии собиқ ҳастанд. Укройн узви ин созмон нест.
Қарор аст Ноту як нерӯи вокуниши сареъи чандҳазорнафариро ташкил диҳад, ки маъмурияти он ҳимоят аз аъзои созмон дар Урупои Шарқӣ дар баробари "таҳоҷуми" эҳтимолии Русия хоҳад буд. Ин барнома дар нишасти раҳбарони кишварҳои узв дар ин ҳафта матраҳ мешавад ва эҳтимолан ба тасвиб хоҳад расид.
Ҳамзамон вазири дифоъи Укройн дар суханоне Русияро муттаҳам кардааст, ки "ҷанги тамомайёреро" алайҳи кишвараш ба роҳ андохта ва гуфтааст ин ҷанг метавонад ҳазорон кушта барҷой гузорад. Мақомоти Укройн раҳбарии Русияро ба таҷовузгарӣ ва тавсеъаталабӣ муттаҳам кардаанд.
