Оташбории тӯпхона дар наздикии фурудгоҳи Дунетск оташбаси Укройнро ба хатар андохт
Image copyrightAFPДар пайи оташбории тӯпхона дар наздикии фурудгоҳи Дунетск дар шарқи Укройн нигаронӣ дар мавриди нодида гирифта шудани оташбас миёни давлат ва шӯришиёни рустабор дар он кишвар афзоиш ёфтааст.
Бо ин ки ҳар ду тараф дар рӯзи шанбе (дирӯз) аз гушудани оташ бар мавозеъи якдигар худдорӣ карданд, шанбешаб гузоришҳо аз оташбории тӯпхона дар шаҳри Мориупул расид ва якшанбе субҳ низ минтақаи атрофи фурудгоҳи Дунетск ҳадафи оташборӣ қарор гирифтааст.
Қарордоди оташбас миёни давлати Укройн ва шӯришиёни рустабори шарқи он кишвар миёни тарафайн дар ҳузури намояндагони Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо имзо шуда буд.
Аз моҳи апрели гузашта то кунун ҳудуди 2600 нафар дар даргириҳо дар шарқи Укройн ҷони худро аз даст додаанд.
Пеш аз тавофуқи оташбас, ки ҷумъаи гузашта сурат гирифт, шӯришиёни ҷудоиталаб ба самти фурудгоҳи Дунетск ва шаҳри бандарии Мориупул дар ҳоли пешравӣ буданд.
Як сарбози укройнӣ ба хабаргузории Руйтерз гуфтааст, ки артиш тонкҳои худро аз минтақа берун кашида ва сарбозони пиёданизом кунтрули пустҳои исти бозрасиро бар уҳда доранд.
Ӯ шӯришиёнро ба нақзи оташбас муттаҳам кардааст.
Бо ин ҳол Андрей Пургин, раҳбари ҷудоиталабони рустабор гуфтааст, ки шӯришиён ба оташбаси тавофуқшуда вафодоранд.
Созмони Афви Байналмилал дар гузорише ҳар ду тарафро ба иртикоби ҷинояти ҷангӣ муттаҳам кардааст.
Артиши Укройн ба оташ гушудан бар ғайринизомиён ва ҳадаф гирифтани амдии онҳо дар шарқи Укройн муттаҳам аст ва шӯришиён ба "одамрабоӣ, шиканҷа ва қатл" муттаҳам шудаанд.
