Сойти раёсати ҷумҳурии Укройн аз тавофуқ барои оташбаси доим хабар дод

  • 3 Сентябр, 2014
Як низомии укройнӣ
Image caption Як низомии укройнӣ дар ҳоли ҳамли муҳиммоте, ки дар шаҳри Ислувёнск, дар минтақаи Дунетск пайдо шудааст

Укройн эълом карда, ки дар ҷангҳои шарқи он кишвар барои як оташбаси доим ба тавофуқ расидааст.

Бар асоси иттилоъияе, ки дар вебсойти раёсати ҷумҳурии Укройн мунташир шуда, оташбас дар поёни моҳи ҷории мелодӣ барқарор хоҳад шуд.

Дар иттилоъияе, ки вебсойти расмии Петру Пурушенку, раиси ҷумҳурии Укройн мунташир карда, гуфта мешавад, ки ин тавофуқ тайи гуфтугӯи телефунии ӯ бо Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия ба даст омад.

Ин вебсойт иттилоъоти бештаре дар ин маврид надодааст.

Аммо кохи Кремлин таъкид карда, ки Владимир Путин дар мавриди оташбас тавофуқе накарда, чун Русия дар даргириҳо дахолате надоштааст.

Яке аз сухангӯёни шӯришиёни шарқи Укройн дар Дунетск гуфт, дар мавриди ин тавофуқ ҳеҷ гуна иттилоъе надорад.

Истив Рузенбург, хабарнигори Би-би-сӣ дар Маскав мегӯяд, шӯришиён гуфтаанд то хориҷ шудани нерӯҳои артиши Укройн аз минтақа наметавон ба оташбас расид.

Қаблан як сухангӯи Владимир Путин гуфта буд ду раҳбар дар мавориди мушаххасе нуқтаи назари мушобеҳ доранд.

Ҷанги шарқи Укройн аз моҳи апрел, ки ҷудоиталабони тарафдори Русия эъломи истиқлол карданд, оғоз шуд. Дар ин ҷангҳо беш аз 2600 нафар кушта ва дастикам як миллиюн нафар овора шудаанд.

Ба назар мерасад сафари Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, ки дар ҳоли дидор аз кишварҳои ҳавзаи Болтик аст, бо масоили Укройн беиртибот набошад.

Сухангӯи Кохи сафед қаблан гуфта буд оқои Убомо ба раҳбарони ин кишварҳо хоҳад гуфт, ки "пазируфтанӣ нест ки кишварҳои бузург ошкоро ба тамомияти арзӣ ва истиқлоли ҳамсоягони кучаки худ таҷовуз кунанд."

Интизор меравад дар дидори рӯзи панҷшанбеи сарони НОТУ дар Уелзи Бритониё аз тарҳи як нерӯи вокуниши сареъ пуштибонӣ шавад.

Матолиби муртабит