Буҳрони Укройн: Ақибнишинии давлат дар шарқи кишвар

  • 2 Сентябр, 2014
Image copyrightAP
Image caption Шибҳнизомиёни тарафдори Русия хоҳони эҷоди "вазъияти ҳуқуқии вижа" дар манотиқи шарқии Укройн ҳастанд

Ҳамзамон бо пешравии шибҳнизомиёни тарафдори Русия дар шарқи Укройн нерӯҳои низомии ин кишвар аз мавозеъи худ ақибнишинӣ карданд.

Мақомҳои укройнӣ мегӯянд аз замони пешравии шибҳнизомиён наздик ба 700 сарбоз ба асорат даромадаанд.

Артиши Укройн пештар эълом карда буд нерӯҳои давлатӣ маҷбур ба ақибнишинӣ аз фурудгоҳи Луҳонск шуданд, зеро аз сӯйи тонкҳои русӣ зери оташ қарор гирифтанд.

Ба гуфтаи Волерий Ҳелетей, вазири дифоъи Укройн, акнун "ҷанге азим" бо Русия дар ҷараён аст, ки метавонад мунҷар ба марги даҳҳо ҳазор тан шавад.

Вазири дифоъи Укройн дар сафҳаи Фейсбуки худ навиштааст пас аз он ки шибҳнизомиёни тарафдори Русия шикаст хӯрданд, Русия ҳамалоти низомии тамомайёреро бо нерӯҳои низомиаш дар минтақа оғоз кардааст.

Вазири дифоъи Укройн афзуд: "Ҷанге азим ба дарвозаҳои мо расидааст, чизе ки Урупо аз замони Ҷанги Ҷаҳонии Дувум назирашро надидааст."

Image copyrightReuters
Image caption Дабири кулли Ноту дар вокуниш ба "рафтори таҷовузгароёнаи" Русия гуфтааст ҳузури нерӯҳои Ноту дар шарқи Укройн пуррангтар мешавад.

Ба навиштаи вазири дифоъи Укройн, "мутаассифона талафоти чунин ҷанге садҳо тан нахоҳад буд, балки ба ҳазорон ва даҳҳо ҳазор тан мерасад."

Русия борҳо иттиҳомҳои Укройн ва кишварҳои ғарбӣ мабнӣ бар таҷҳизи таслиҳотии шибҳнизомиёнро рад кардааст.

Русия ва Укройн дар ҳоли гуфтугӯҳое бо шибҳнизомиёни ҷудоиталаб ва нозирони байналмилалӣ дар Минск, пойтахти Белорус ,ҳастанд.

Аз замони оғолзи даргириҳо дар шарқи Укройн дар моҳи апрел наздик ба 2600 тан кушта шудаанд.

Даргирӣ пас аз он оғоз шуд, ки Русия нимҷазираи Кримеро бо баргузории як ҳамапурсӣ дар моҳи март аз Укройн ҷудо ва ба хоки худ мулҳақ кард

Матолиби муртабит