Таҳримҳои Омрико ва Урупо алайҳи Русия ташдид мешаванд
Image copyrightReutersОмрико ва Иттиҳодияи Урупо базудӣ таҳримҳои ҷадидеро алайҳи Русия эълом мекунанд.
Ин таҳримҳо дар вокуниш ба амалкарди Русия дар Укройн вазъ мешаванд ва саноеъи дифоъии ин кишвар, бахши молии он ва наздикони Владимир Путинро ҳадаф мегиранд.
Кишварҳои ғарбӣ, Русияро ба ҳимоят аз ҷудоиталабон дар шарқи Укройн муттаҳам мекунанд. Русия ин иттиҳомро рад мекунад.
Қарор аст намояндагони Укройн, Русия ва ҷудоиталабон рӯзи ҷумъа дар Минск, пойтахти Белорус, дидор кунанд.
Хабари эъмоли таҳримҳои тоза алайҳи Русия ҳамзамон бо баргузории нишасти сарони Созмони Паймони Отлонтики Шимолӣ, Ноту, дар Велз, эълом шудааст.
Раҳбарони кишварҳои узви Ноту дар ин нишаст эълом карданд, ки ин созмон аз Укройн ҳимоят мекунад ва хоҳони поён додан ба нақши бесуботкунандаи Русия аст.
Аъзои Ноту ҳамчунин аз Русия хостанд низомиёнашро аз Укройн хориҷ кунад ва ба "илҳоқи ғайриқонунии" нимҷазираи Криме поён диҳад.
Ба гуфтаи як мақоми бритониёӣ, Иттиҳодияи Урупо ва Омрико рӯзи ҷумъа ба таври муштарак эъмоли таҳримҳои тоза алайҳи Русияро эълом хоҳанд кард
Ба гуфтаи ин фард, ки номаш мунташир нашуда, ҳадаф аз ташдиди таҳримҳо кашондани Владимир Путин ба мизи музокира аст.
Бен Рудз, аз сухангӯёни Кохи Сафед ҳам, ки ҳамроҳ бо Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, барои ширкат дар нишасти Ноту ба Велз сафар карда, ба хабарнигорон гуфт Иёлоти Муттаҳида дар ҳоли ниҳоӣ кардани феҳристи таҳримҳои тозаи Русия аст.
Фронсуо Улонд, раиси ҷумҳурии Фаронса, низ аз эъломи таҳримҳои тоза дар рӯзи ҷумъа ва иҷрои онҳо дар сурати адами муваффақияти диплумосӣ хабар дод.
Оқои Улонд: "Ҳама чиз ба соъатҳои пеши рӯ бастагӣ дорад."
Петру Прушенку, раиси ҷумҳурии Укройн, гуфтааст, ки имкони эъломи оташбас миёни артиши ин кишвар ва ҷудоиталабон дар рӯзи ҷумъа вуҷуд дорад.
Оқои Пурушенку, ки дар иҷлоси Ноту дар Велз ширкат карда буд, гуфт иҷрои тарҳи сулҳи матраҳшуда ба василаи оқои Путин дар рӯзи ҷумъа имконпазир аст.
Раҳбарони ҷудоиталабон гуфтаанд дар сурати тавофуқ бар сари тарҳи сулҳ, оташбасро рӯзи ҷумъа ва аз соъати ёздаҳ ба вақти Гринвич ба иҷро хоҳанд гузошт.
Владимир Путин чоршанбе як тарҳи сулҳи ҳафтмоддаиро эълом кард, ки шомили таваққуфи амалиёти низомӣ, мубодилаи асирон ва эҷоди конолҳои иртиботӣ барои ирсоли кумакҳои башардӯстона мешуд.
Ҳудуди 2600 нафар аз замони оғози нооромиҳо дар шарқи Укройн ҷони худро аз даст додаанд.
Артиши Укройн теъдоди кушташудагонро 837 нафар эълом кардааст.
