Дабири кулли Ноту нисбат ба тарҳи Русия барои сулҳ дар Укройн ибрози тардид кард

  • 4 Сентябр, 2014
Image copyrightReuters
Image caption Росмусен нисбат ба садоқати тарҳи сулҳи Русия ибрози тардид кардааст

Дабири кулли Ноту нисбат ба ҷиддӣ будани Русия дар ироаи тарҳи барқарории оташбас дар Укройн ибрози тардид кардааст.

Иҷлоси раҳбарони кившарҳои узви Созмони Паймони Отлонтики Шимолӣ, Ноту, рӯзи панҷшанбеи 4 сентябр дар Вейлз, Бритониё, оғоз ба кор карда ва ҷанги дохилии Укройн ва бахусус нақши Русия дар он, ташкили нерӯи вокуниши сареъ барои ҳимоят аз кишварҳои узви Ноту дар Урупои Шарқӣ ва фаъъолияти исломгароёни тундрав дар Ироқ, Афғонистон, Либӣ, Сумолӣ муҳимтарин меҳварҳои музокирот дар ин иҷлосро ташкил медиҳанд.

Пеш аз оғоз ба кори ин нишаст Ондерс Фу Росмусен, дабири кулли Ноту, дар суханоне идомаи даргирӣ байни нерӯҳои давлатӣ ва ҷудоиталабони тарафдори Русия дар шарқи Укройнро бисёр нигаронкунанда хонда ва мушаххасан Русияро масъули идомаи ин ҷанг муъаррифӣ кард.

Оқои Росмусен дар ишора ба тарҳи оташбас дар Уройн, ки Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия, рӯзи гузашта ироа дод, гуфт: "Мо аз ҳар талоше барои ёфтани роҳи ҳалле мусолиматомез барои буҳрони Укройн истиқбол мекунем, аммо он чи ки муҳим аст, иқдомоти амалӣ ва шароити ғанӣ аст." Вай афзуд, ки "Он чи ки ҳанӯз ҳам идома дорад, мудохилаи Русия аст, ки боъиси бесуботӣ дар шарқи Укройн мешавад.."

Оқои Росмусен гуфт, ки паймони Ноту ҳамчунон аз Русия мехоҳад "нерӯҳои худро аз марзи Укройн ақиб бикашад, монеъ аз интиқоли аслиҳа ва нафарот ба дохили Укройн шавад, ҳимоят аз шибҳнизомиёни мусаллаҳ дар Укройнро мутаваққиф кунад ва бо раванди сиёсӣ ҳаллу фасли ин масъала ҳамкории комил кунад." Ӯ гуфт, ки дар чунин сурате метавон гуфт, ки Русия воқеъан дар садади фароҳам кардани заминаи хотимаи сулҳомези ин буҳрон аст.

Image copyrightPA
Image caption Иҷлоси раҳбарони Ноту дар миёни тадобири амниятии густарда дар Вейлз баргузор шудааст

Дабири кулли Ноту гуфт, ки наҳваи бархӯрди Ноту бо Русия дар иҷлоси рӯзи панҷшанбе баррасӣ хоҳад шуд ва таъкид кард, ки ҳар тасмиме, ки ин иҷлос иттихоз кунад, бо усули "қонуни ниҳодии Ноту-Русия" мунтабиқ хоҳад буд. Муъоҳидаи мавсум ба "Қонуни ниҳодии равобит, ҳамкорӣ ва амнияти мутақобили Русия ва Ноту", ки дар иҷлоси раҳбарони Ноту а Русия дар соли 1997 имзо шуд, чигунагии ҳамкории ду тарафро тарсим меекунад. Бар асоси ин муъоҳида, ҳар ду тараф эълом карданд, ки тарафи дигарро душмани худ талаққӣ намекунанд ва ба ҳамкорӣ барои эҷоди сулҳи пойдор ва фарогир" дар минтақаи Урупо ва ҳавзаи Отлонтик мутаъаҳҳид ҳастанд."

Дабири кулли Ноту дар айни ҳол таъкид кард, ки лозим аст иртиботи Ноту ва Русия ҳифз шавад, ҳарчанд ба гуфтаи ӯ , "барои ҳамагон ошкор шудааст, ки Русия усули бунёдини қонуни ниҳодии Ноту-Русияро зери по гузоштааст."

Рӯзи гузашта оқои Путин як тарҳи ҳафтмоддаиро барои поён додан ба ҷанги Укройн ироа дод ва гуфт, ки интизор дорад дар ҷараёни музокироти байни давлати Укройн ва шӯришиёни ҷудоиталаб, ки қарор аст рӯзи ҷумъа дар Белорус ташкил шавад, ду тараф тавофуқи ниҳоии худро эълом доранд.

Укройн ва кишварҳои ғарбӣ Русияро муттаҳам мекунанд, ки аз ҷудоиталабони Укройн ҳимояти таслиҳотӣ ва тадорукотӣ ба амал меоварад ва низомиёни русӣ низ дар дохили хоки Укройн ҳузур доранд. Русия ин иттиҳомро рад карда ва гуфтааст, ки ҷанги Укройн натиҷаи худдории давлати марказӣ аз пазируфтани хости гурӯҳӣ аз шаҳрвандони он кишвар аст.

Матолиби муртабит