Бо вуҷуди таҳдиди Русия Иттиҳодияи Урупо таҳрими тоза тасвиб мекунад
Image copyrightAPИттиҳодияи Урупо мегӯяд таҳримҳои тоза алайҳи Русия ба зудӣ тасвиб ва аз фардо (сешанбе, 9 сентябр) иҷро мешавад. Ин иқдоми Иттиҳодияи Урупо дар ҳоле сурат мегирад, ки Русия пештар аз анҷоми иқдомоти талофиҷӯёна хабар дода буд.
Аммо дар айни ҳол яке аз сухангӯёни Иттиҳодияи Урупо бо ишора ба ин ки ин таҳримҳо метавонад "баргаштпазир" бошад, гуфтааст, ки чунин чизе бастагӣ ба авзоъ дар Укройн дорад.
Русия ҳушдор дода буд дар сурати амалӣ шудани таҳримҳои тоза алайҳи ин кишвар монеъ аз анҷоми парвозҳои байналмилалӣ аз тариқи ҳарими ҳавоӣ хоҳад шуд.
Иттиҳодияи Урупо гуфтааст, агар Русия нерӯҳояшро аз шарқи Укройн хориҷ кунад ва ба тавофуқи оташбас эҳтиром бигузорад, таҳримҳои ҷадид лағв хоҳад шуд.
Дар ҳамин ҳол Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия ҳушдор дода, ки Маскав посухи муносибе ба таҳримҳои бештар алайҳи ин кишвар хоҳад дод.
Оқои Медведев гуфтааст, мамнуъияти истифода аз ҳарими ҳавоии Русия мунҷар ба "варшикастагии бисёре аз ширкатҳои ҳавоӣ" хоҳад шуд.
Нахуствазири Русия афзуд: "Мо бар асоси равобити дӯстона бо шуракоямон ҳамкорӣ мекунем ва ба ҳамин далел осмони Русия ба рӯйи парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймойӣ боз аст. Аммо агар маҳдудиятҳое барои мо эҷод шавад. Мо ҳам маҷбур ба посухгӯӣ хоҳем буд."
Чунончи Русия ҳарими ҳавоиро ба масирҳои осиёӣ масдуд кунад, ширкатҳои ҳавопаймоӣ маҷбур ба пардохти ҳазинаҳоии бештар барои таъмини сӯхти масрафиашон ҳастанд.
Оташбаси шикананда дар шарқи Укройн алорағми бархе тирандозиҳои пароканда ҳамчунон побарҷост.
Қарордоди оташбас миёни давлати Укройн ва шӯришиёни рустабори шарқи он кишвар миёни тарафайн ва дар ҳузури намояндагони Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо имзо шуда буд.
Аз моҳи апрели гузашта то кунун ҳудуди 2600 нафар дар даргириҳои шарқи Укройн ҷони худро аз даст доданд.
Русия борҳо иттиҳомҳои ворида аз суи Укройн ва Ғарбро мабнӣ бар эъзоми нерӯ ба Дунетск ва Луҳонск ба манзури ҳимоят аз ҷудоиталабони шарқи Укройн рад кардааст.
