Як миллиюн корманди давлати Укройн "арзёбии муҷаддад" мешаванд

  • 17 Сентябр, 2014
Image copyrightAP
Image caption Ётсенюк гуфтааст, ки давлат метавонад ҳудуди як миллиюн корманди давлатро арзёбӣ кунад

Давлати Укройн қонунеро ба тасвиби порлумон расондааст, ки бар асоси он ба давлат иҷоза дода мешавад ҳудуди як миллиюн корманди худро аз лиҳози иртибот бо давлати раиси ҷумҳури барканоршудаи он кишвар мавриди арзёбӣ ва эҳтимолан ихроҷ қарор диҳад.

Орсений Ётсенюк, нахуствазири Укройн, гуфтааст ки қонуни ҷадид иҷозаи баррасии савобиқ ва амалкарди кормандон ва барканории онҳоро ба давлат медиҳад. Ба гуфтаи оқои Ётсенюк бахусус коркунони идороте, ки мустақиман таҳти назари Виктор Ёнукович, раиси ҷумҳурии барканоршудаи Укройн буданд, аз ҷумла вазорати кишвар, созмонҳои амниятӣ ва иттилоъотӣ ва дафтари додситонӣ аз лиҳози фасоди молӣ ва ҳамчунин вафодорӣ ба давлат мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.

Дар моҳи феврали соли ҷорӣ ва дар пайи кушта шудани теъдоде аз тазоҳуркунандагони мухолифи давлат порлумони Укройн оқои Ёнуковичро, ки тарафдор Русия буд, аз ин симат барканор кард. Оқои Ёнукович, ки бо иттиҳоми судури дастури куштани тазоҳуркунандагон ва фасоди молӣ мувоҷеҳ буд, махфиёна ба Русия гурехт ва ҳамроҳ бо давлати Русия, худро раиси ҷумҳурии қонунии Укройн хонд. Додситони кули вақти Укройн низ ба фасоди молӣ ва сарватандӯзӣ аз роҳҳои ғайриқонунӣ муттаҳам шудааст.

Барканории Виктор Ёнукович хашми давлати Русияро барангехт ва дар моҳи марти соли ҷорӣ шибҳҷазираи Кириме аз Укройн таҷзия ва ба хоки Русия мунзам шуд. Дар ҳафтаҳои баъд гурӯҳҳои ҷудоиталаби тарафдори Русия дар шарқи Укройн низ алайҳи давлати марказӣ шӯриш карданд, ки даргирии онҳо бо нерӯҳои давлатӣ ҳамчунон идома дорад.

Image copyrightReuters
Image caption Барканории Ёнукович мудохилаи Русия ва ҷудоии Киримеро дар пай дошт

Орсений Ётсенюк дар суханоне дар ҳайати давлати ин кишвар, ки аз телевизиюни Укройн пахш шуд, аз тасвиби қонуни ҷадиде дар порлумон ҳовии эътои ҳақи худгадонӣ ба манотиқи умдатан руснишини шарқи ин кишвар ҳам сухан гуфт. Давлати Укройн интизор дорад ин қонун, ки рӯзи гузашта ба тасвиби порлумони Укройн расид, боъис шавад ҷудоиталабони укройнӣ ба ҷанг алайҳи давлати марказӣ хотима диҳанд.

Чанд моҳ пеш давлати Русия гуфт, ки барои поён додан ба таниш дар шарқи Укройн давлати ин кишвар бояд бо тағйири қонуни асосӣ, низоми сиёсии федероли шомили ихтиёроти густардаи маҳаллӣ барои манотиқи руснишинро ҷойгузини қонуни асосии кунунӣ кунад. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки ҷудоии Кириме аз Укройн дар пайи тасмими порлумони маҳаллии Кириме барои пайвастан ба Русия сурат гирифт, мухолифони ин тарҳ гуфтанд, ки ҳадафи Русия мумкин аст заминасозӣ барои таҷзияи Укройн бошад.

Нахуствазири Укройн дар бораи мусаввабаи марбут ба ихтиёроти бештар барои манотиқи шарқи ин кишвар гуфт, ки интизор дорад ин мусавваба ба ҷанг ва куштор поён диҳад. Вай гуфт, ки давлат бо интихоби байни "бад ва бадтар" мувоҷеҳ буд ва дар ниҳоят, "бад"ро баргузид. Мусаввабаи порлумон ҳамчунин шомили афви умумӣ барои шӯришиён аст, аммо нахуствазири Укройн гуфт, ки касоне, ки муртакиби ҷиноят шуда бошанд, аз ҷумла масъулони сарнагун кардани як ҳавопаймои мусофирбарии Молезӣ машмули афв нахоҳанд шуд.

Матолиби муртабит