Буҳрони Укройн: Порлумон ба шӯришиён худмухторӣ дод

  • 16 Сентябр, 2014
Image copyrightAFP
Image caption Аз 5 сентябр дар шарқи Укройн оташбасе шикананда идома дорад

Порлумони Укройн ба манотиқи шарқии ин кишвар, ки таҳти кунтрули шӯришиёни тарафдори Русия қарор доранд, ҳаққи худмухторӣ дода ва шӯришиёнро афв кардааст.

Ин тасмим дар ростои таҳаққуқи тавофуқномаи оташбас, ки 5 сентябр тавассути Петру Пурушенку ба имзо расид, иттихоз шудааст.

Дар айни ҳол порлумонҳои Иттиҳодияи Урупо ва Укройн ба ҷонибдорӣ аз тасвиби тавофуқномаи умдаи ҳамкорӣ миёни ду тараф раъй додаанд.

Шӯришиён пас аз он ки манотиқи шарқии Укройнро тасарруф карданд, бо нерӯҳои давлатӣ дар ҳоли набард будаанд.

Укройн ва кишварҳои ғарбӣ Русияро муттаҳам кардаанд, ки аз шӯришиён бо эъзоми нерӯи низомӣ ва ироаи таслиҳот ҳимоят мекунад, чизе ки Русия рад кардааст.

Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд тайи панҷ моҳи даргириҳо дар Укройн дастикам 3000 нафар кушта шудаанд ва беш аз 310 ҳазор хонаҳои худро тарк кардаанд.

Афве, ки порлумони Укройн эълом карда, шомили шӯришиён дар устонҳои Дунетск ва Луҳонск мешавад, аммо мавзуъи суқут додани ҳавопаймои мусофирбарии MH17-ро дар моҳи июл шомил намешавад.

Раҳбарони ғарбӣ муътақиданд, ки ҳавопаймои ширкати Ҳавопаймоии Молезиро шӯришиён бо истифода аз мушаки русӣ суқут додаанд, иттиҳоме ки шӯришиён ва Русия онро такзиб кардаанд.

Ҳамчунин шӯришиёне, ки муттаҳам ба иртикоби "ҷароими сангин" мешаванд, мавриди бахшудагӣ қарор нахоҳанд гирифт.

Рӯзи торихӣ

Шӯришиён бахшҳои зиёде аз устонҳои Дунетск ва Луҳонскро аз моҳи апрел таҳти кунтрули худ доранд.

Шӯришиён мухолифатро пас аз мудатти кӯтоҳе баъд аз илҳоқи Кириме ба Русия оғоз карданд.

Тавофуқномаи тиҷорие, ки аз суи порлумонҳои Иттиҳодияи Урупо ва Укройн тасвиб шуд, аз решаҳои буҳрони Укройн маҳсуб мешавад.

Имтиноъи Виктур Ёнукович, раиси ҷумҳури пешини Укройн аз имзои он дар моҳи ноябри соли гузашта муҷиби эътирозоти умумӣ ва саранҷом сарнагунии ӯ шуд.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Эътирозоти умумӣ дар Киев бо сарнагунии давлати қаблӣ анҷомид

Ҷараёни раъйдиҳӣ барои тасвиби ин тавофуқнома ҳамзамон дар порлумонҳои Иттиҳодияи Урупо ва Укройн дар ҳоле ки ҳарду порлумон аз тариқи иртиботи видиюии зинда тавссути интернет васл буданд, сурат гирифт.

Президент Пурушенку ва Мортин Шултз, раиси Порлумони Урупо ҳарду ин рӯзро рӯзи торихӣ тавсиф карданд.

Дар Укройн ҳарос доранд, ки Русия ҳанӯз талош хоҳад кард ин тавофуқномаро аз байн бибарад.

Даъват барои озодии зиндониён

Қонуне афве, ки тавассути порлумони Укройн тасвиб шуд, дар назар дорад шӯришиёни тарафдори Русия, ки дар ҷараёни даргирӣ асир гирифта шудаанд, бояд озод шаванд.

Тибқи ин қонун қарор аст шӯришиён сохтмонҳои давлатии таҳти тасарруфашонро тахлия кунанд, сарбозони боздоштшудаи укройнӣ ва соири асирон, ҳамчунин таслиҳоти худро ба давлат таҳвил бидиҳанд.

Аммо бисёре аз шӯришиён хостори истиқлоли комил ҳастанд ва дар бораи таъсиси давлате ҷадид мавсум ба "Новороссия" сухан мегӯянд, исме ки дар суханрониҳои Владимр Путин раиси ҷумҳури Русия низ шунида шуда.

Image copyrightAP
Image caption Набардҳо муҷиби хисороте зиёд ба минтақаи санъатии шарқи Укройн дар ҳамсоягии Русия шудааст

Ондре Пургин, яке аз раҳбарони шӯришиён дар шаҳри Дунетск ба хабаргузории Фаронса гуфтааст, ки шарқи Укройн "дигар ҳиҷ коре ба Укройн" надорад.

"Укройн озод аст, ки ҳар қонунеро мехоҳад тасвиб кунад, вале мо ҳиҷ гуна федеролизм бо Укройнро дар барномаамон надорем."

Бо ин вуҷуд оқои Пургин гуфт, ин қонун "ишорае мусбат аст, ки нишон медиҳад Киев ба суи воқеъият бармегардад".

Президент Пурушенку гуфтааст ин пешниҳод "ҳаққи ҳокимият, тамомияти арзӣ ва истиқлоли" Укройнро тазмин мекунад, дар ҳоле ки роҳро барои тақсими қудрат миёни марказ ва устонҳо боз мекунад.

Ин дар ҳоле аст ки бо вуҷуди оташбаси шикананда оташи шадиди тӯпхонаӣ дар минтақаи наздик ба фурудгоҳи Дунетск, ки дар дасти нерӯҳои давлатӣ аст, идома доштааст.

Таҳримҳои иқтисодӣ

Бо имзои тавофуқномаи ҳамкорӣ миёни Иттиҳодияи Урупо ва Укройн Укройн худро мутобиқ бо истондордҳои урупоӣ дар масоили ҳуқуқи башар, амният ва кунтрули таслиҳот хоҳад кард ва мавонеъи тиҷорӣ миёни ду ҷониб бартараф хоҳад шуд.

Русия мухолифи тиҷорати озод миёни Укройн ва Иттиҳодияи Урупо аст, зеро мегӯяд он боъис хоҳад шуд маводу колои арзонқимати урупоӣ аз тариқи Укройн вориди бозори Русия шавад.

Бар асоси ин тавофуқнома маҳдудиятҳо барои воридот аз Иттиҳодияҳои Урупо ба Укройн то соли 2016 ба ҷои худ боқӣ хоҳанд буд, аммо Укройн аз дастрасии комил ба бозорҳои урупоӣ барои маводи содиротии худ бархурдор хоҳад шуд.

Ба ҷойи худдории Укройн аз имзои ин тавофуқнома Русия ваъда дода буд, ки имтиёзоти тиҷорӣ барои Укройн ба унвони ҷумҳурии собиқи Шуравиро ҳифз хоҳад кард.

Аммо буҳроне, ки пеш омад, зарбаи шадиде ба равобити тиҷории Русия ва Укройн зад, то ҳадде ки ҳар ду ҷониб алайҳи ҳамдигар таҳримҳои иқтисодӣ вазъ карданд.

Матолиби муртабит