НОТУ: Оташбас дар Укройн "фақат лафзӣ" аст

  • 21 Сентябр, 2014
Филлип БридловImage copyrightReuters
Image caption Женерол Бридлов мегӯяд авзоъ дар Укройн хуб нест

Фармондеҳи аршади низомии Созмони Паймони Отлонтики Шимолӣ (НОТУ) дар Урупо мегӯяд оташбаси миёни нерӯҳои мусаллаҳи Укройн ва шибҳнизомиёни ҷудоиталаб танҳо ба 'сурати лафзӣ' барқарор аст.

Ба гуфтаи женерол Филлип Бридлов, теъдоди гулӯлаҳои тӯпе, ки ба тозагӣ шиллик шудаанд, бо давраи пеш аз оташбас баробарӣ мекунад.

Тарафайни даргирӣ дар шарқи Укройн аз понздаҳ рӯз пеш барои таваққуфи хушунатҳо тавофуқ карданд, вале ин оташбас то кунун чанд бор нақз шудааст.

Женерол Бридлов, ки дар Литва суҳбат мекард, гуфт: "Авзоъи дар Укройн дар ҳоли ҳозир хуб нест."

Бо ин ҳол ӯ нисбат ба тавофуқномае, ки шанбе дар Минск ба василаи намояндагони Укройн, ҷудоиталабони шарқи ин кишвар, Русия ва Созмони амният ва ҳамкории Урупо имзо шуд, ибрози хушбинӣ кард.

Беш аз се ҳазор нафар дар нооромиҳои Укройн дар шарқи ин кишвар ҷони худро аз даст додаанд.

Ба гуфтаи оқои Бридлов аз ҳафтаи гузаштаи бахше аз низомиёни руси мустақар дар Укройн ба дохили Русия баргаштанд, вале ин нерӯҳои барои бозгашт ба Укройн аз омодагии лозим бархурдор ҳастанд.

Русия эъзоми сарбоз ба Укройн ва таҷҳизи шибҳнизомиёни ҷудоиталабро рад мекунад.

Ба гуфтаи мақомҳои Русия низомиёни ин кишвар, ки дар канори ҷудоиталабони Укройн меҷанганд, сарбозоне ҳастанд, ки довталабона ба ин кишвар рафтаанд.

Бар асоси тавофуқномаи имзошуда дар Минск тарафайни даргирӣ як хати ҳоил ба умқи 30 килуметр ташкил медиҳанд ва ҳама шибҳинизомиёни хориҷӣ аз минтақаи мавриди муноқиша хориҷ мешаванд.

Тарафайн ҳамчунин бар манъи парвози ҳавлпаймоҳои низомӣ бар фарози минтақаи мавриди муноқиша тавофуқ кардаанд.

Онҳо ҳамчунин тавофуқ кардаанд, ки дар минтақаи мавриди муноқиша даст ба амалиёти низомӣ назананд.

Матолиби муртабит