Сафари Владимир Путин ба Туркия
Image copyrightReutersВладимир Путин, раиси ҷумҳури Русия барои дидоре якрӯза ва музокира бо Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия вориди он кишвар шудааст.
Гуфта шуда, ки ин сафар бо ҳадафи густариши ҳамкориҳои иқтисодии байни ду кишвар сурат гирифтааст.
Шуморе аз вузарои русӣ дар ин сафар оқои Путинро ҳамроҳӣ мекунанд.
Туркия дувумин шарики тиҷории Русия ба шумор меравад ва ду кишвар умедворанд, ки бар мизони тавофуқоти фимобайн биафзоянд.
Алорағми тавофуқоти тиҷории мустаҳкам ду кишвар дар заминаи сиёсати хориҷӣ бавижа дар мавриди Сурия ва шибҳҷазираи Кириме бо ҳам ихтилофи назари шадид доранд.
Аммо хабарнигорон муътақиданд, ки ин ихтилофот дар анзори умумӣ камаҳамият ҷилва дода мешавад.
Ин аввалин дидори байни ду раиси ҷумҳур аз замони расидани оқои Эрдуғон ба симати раёсати ҷумҳурӣ дар моҳи августи соли ҷорӣ аст.
