Онгело Меркел "дахолати Русия" дар кишварҳои Урупои Шарқиро маҳкум кард
Image copyrightGettyОнгело Меркел, садри аъзами Олмон, Русияро ба дахолат дар умури кишварҳои Урупои Шарқӣ, ки хостори равобити наздиктаре бо Иттиҳодияи Урупо ҳастанд, муттаҳам кардааст.
Хонуми Меркел дар гуфтугӯе бо рӯзномаи Де Волт ам Сунтог гуфтааст, ки Русия барои кишварҳои Мулдовӣ, Гурҷистон ва Укройн" мушкилоте эҷод кардааст."
Се кишвари Мулдовӣ, Гурҷистон ва Укройн мувофиқатномаҳои тиҷорӣ бо Иттиҳодияи Урупо имзо кардаанд.
Ин дар ҳоле аст ки Русия зимни тардид ба ин тавофуқот, муътақид аст, ки Иттиҳодияи Урупо кишварҳоеро, ки замоне аз ҷумҳуриҳои собиқи Иттиҳоди Шуравӣ буданд, ба суи худ ҷазб мекунад.
Хонуми Меркел дар бахши дигаре аз суханонаш гуфт: "Мулдовӣ, Гурҷистон ва Укройн се кишваре, ки дар шарқи мо воқеъ ҳастанд, бо ҳифзи тамомияти арзии худ тавофуқнома бо Иттиҳодияи Урупоро имзо карданд."
Аммо ба гуфтаи хонуми Меркел Русия барои ин се кишвар мушкилоте эҷод кардааст.
Ишораи хонуми Меркел ба даргириҳо дар манотиқе мисли Абхоз ва Усетиёи Ҷанубӣ ва ҳамчунин иқдомоти мансуб ба Русия дар шарқи Укройн аст.
Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия моҳи гузашта тавофуқномаи истротежикеро бо давлати минтақаи ҷудоиталаби Абхоз, ки дар соли 2008 мелодӣ аз кунтрули давлати марказии Гурҷистон хориҷ шуд, имзо кард, ки бо интиқодоте аз суи созмони НОТУ ва Иттиҳодияи Урупо рӯбарӯ шуд.
Садри аъзами Олмон дар ин мусоҳиба ҳамчунин Русияро муттаҳам кард, ки дар талош аст барои нуфуз бар кишварҳои воқеъ дар ғарби Болкон, онҳоро аз назари иқтисодӣ ва сиёсӣ вобаста ба худ кунад.
